Чун ман он саҳфаро кушодам, ҳама гуна шубҳаи доштаи мо яку якбора ба дори фано рафт...
Ҳарчанд барои тасдиқи он забонхат ташхиси мукаммали хатшиносӣ лозим буд, вале дар зинаи аввал ҳаминаш кофиӣ буд, ки тафтишот ба суханони Адҳам Аҳтамович бовар намояд ва аз ба ҳабси пешакӣ гирифтани вай худдорӣ намояд.
Бо каме кӯшиш мо матни нусхаи забонхатеро, ки бо амри тасодуф аз саҳфаи кандашуда ба саҳфаи дигар гузашта буд, қироат намудем...
“З А Б О Н Х А Т
Ман Солеҳ Қамар медиҳам ин забонхатро ба Сайфуллоев Адҳам Аҳтамович дар ин хусус, ки имрўз ў қарзи аз ман гирифтаашро бо иловаи 5% моҳона дар ҳаҷми умуми 92000 (наваду ду ҳазор)доллари амрикоӣ баргардонид.
Чун бо гуноҳи банда забонхати додаи Сайфуллоев А.А.
аз 26 октябри соли гузашта гум шудааст. Ман бо камоли масъулят арз медорам, ки забонхати гумшуда аз эътибор соқит дониста шавад.
Бинобар баргардонидани қарз аз ҳамин рўз эътиборан ман нисбати Сайфуллоев Адҳам Аҳтамович дигар даъвое надорам.
Имзо Солеҳ Қамар 26.01...”
-Тақдиратон баландӣ кард ва агар ба ташхиси хатшиноси даст диҳад, ки забонхатро ба хати навиштаи Солеҳ Қамар мансуб донад, ҳисоб намоед ғуборе тафтишотро дар нисбати шумо дар сар намонда.
-Иншоллоҳ,- гуфт соҳибхона оҳи сабуке кашида.
-Бо ҳамин шумо набояд осуда шавед.
-Нафаҳмидам.
-Нусхаи аслии забонхатро ҳам ёфтанамон лозим.
-Ман мекӯшам, вале намедонам онро чӣ хел дарёбам.
-Ба андешаи мо он нусха аз дасти Мадина берун нест ва аҷаб нест, ки ў имрўз ё фардо онро барнагардонад.
-Аз куҷо чунин худбоварӣ ё шумо ягон гуноҳи вайро медонед?
-Гуноҳашро не, вале ба андешаи кунунии мо маҳз ҳамон забонхат боиси марги боз як нафар гардида.
-Оё ман метавонам фаҳмам, он боиси марги кӣ шудааст?





