Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 204 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 204 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Он шабу рўз онҳо нав ба он қаср кӯчида буданд ва ба фикрам саг соҳибашро намеёфт.
-Гуфтед, ки Солеҳ Қамар забонхатро дар дафтари пешниҳоднамудаи худи шумо навишт ва баъди ба хона омаданатон ҳамон саҳифаро аз дафтари қайдҳо канда, байни ҷилди 25-уми китоби Чарлз Дикенс гузоштед.?
-Ҳамааш ҳамин хел буд.
-Шояд ҳамон дафтарро ба мо пешниҳод мекардед?
-Ин чандон мушкилие надорад ё шумо ба суханони банда дигар боварӣ надоред.
-Рафту агар боварӣ намедоштем, ҳаргиз он дафтарро суроғ намекардем.
Соҳибхона лаҳзае боз моро танҳо гузошта аз меҳмонхона баромад.
-Гумон доред, ки нақши навиштаҳои Солеҳ Қамар дар варақаи дигар мондааст? - дигарбора пурсид муфаттиш.
-Ман аллакай суханамро гуфтам.
-Чем чёрт не шутит или я не права?
-Дуруст.
Фурўғи Шариф боз чизе гуфтан мехост, вале соҳибхона баргашту сухани бону ногуфта монд.
-Марҳамат, ана он дафтар, - гӯён соҳибхона дафтари рангаш сиёҳеро ба дасти ман дод. Муқоваи дафтар аз картони ғафс бо чарми сиёҳ, пӯшонида шуда буд. Саҳифаи аввалашро харитаи сиёсии ҷаҳон оро медод. Сипас саҳфае дар муаррифӣ соҳиби он бахшида шуда буд. Боз чанд саҳфаи дигарро кодҳо, рақамҳои телефонҳои махсус, фарқияти нишонҳои хориҷию – ватанӣ, пойафзол ва либосҳо, коди байни шаҳрҳо ва масофаи онҳоро фаро гирифта буд. Умуман, оғози дафтар метавонист чун дастурамал баҳри соҳибаш хизмат намояд. Ҳамагӣ як чанд саҳифаи дигари дафтарро қайдҳои хотиравии соҳиби он зеб медод.
-Бемалол бошед, ҷойи он саҳифаи кандашударо нишон медодед? - бандаро саргарми ҷустуҷў дида гулӯ рўшан намуд муфаттиш.
-Он варақаро ман аз саҳфаи дуюми охири дафтар канда гирифтам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан