Аз он манзил ба ҷуз қисме аз китобҳоям то кунун сари хасеро низ берун наовардаам...
-Ному насаби вай?
-Аз кӣ?
-Аз ёвари Солеҳ Қамар?
-Номаш Усмон, насабашро напурсидам, чӣ хеле гуфтам ба иҷоранишин эҳтиёҷе надоштам ва он ҷавонро ба хотири Солеҳ Қамар дар кулбаи пештараам роҳ додам.
-Иҷорарапулиро чӣ хел пардохт мекард?
-Чӣ хел иҷорапулӣ? - Ман як тангаи вайро нагирифтам.
-Раққосаро чӣ насаб аст?
-Манзуратон Мадина аст?
-Бале.
-Падараш Файзулло ном дорад.
-Вай дар куҷо таҳсил мекунад?
-Дар шуъбаи информатикаи Донишгоҳи миллӣ.
-Бори охир Усмонро кай дида будед7
-Дар рўзи бурёкӯбони Солеҳ Қамар.
-Аниқтараш?
-Дар нимаи дуюми моҳи феврал. Он замон ман аллакай қарзамро адо намуда будам, вале аз рўӣ эҳтиром даъвати Солеҳ Қамарро шикаста натавонистам. Субҳи рӯзи дигараш ман ба Москва сафар намудам.
-Дигар вайро надидед ?
-Не.
-Мадинаро бори охир кай дида будед?
-Тахминан се ҳафта пеш ў ба хона омада буд.
-Дар бораи Усмон боз чӣ медонед?
-Дигар ҳеҷ.
-Дар нисбати ҳамсари Солеҳ Қамар чӣ гуфта метавонед?
-Банда вайро танҳо як маротиба дида будам, дурусттараш вай ҳамроҳи шавҳараш ман ва ҳамсарамро дар даромадгоҳи он қасри зебо дар рўзи бурёкӯбон пешвоз гирифтанд. Гумон мекунам ҳамсари Солеҳ Қамар меваи шохи баланд аст...
-Чӣ тавр дар чунин як қасри зебо қаламу коғаз ёфт нашуд, ки барои шумо забонхат навишта диҳад?





