Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 202 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 202 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳамон забонхатро ман ана дар байни ҳамин китобҳо гузоштам. Як ҳафта пеш аз ба Қазоқистон рафтанам, онро дида будам, акнун он забонхат нест, забонхати додаи ман ба Солеҳ Қамар бошад дар дасти инҳост. Солеҳ Қамар бошад қариб як моҳ пештар ҳадафи тир қарор гирифтаю ба ҳалокат расида. Тафтишот бар он андеша аст, ки ба хотири барнагардонидани қарз банда ба чунин як ҷинояти мудҳиш даст задаам. Акнун андеша намоед, ки ба ҷуз духтари холаат, ки аз рўйи нишондоди худат тайи чанд шаб дар ин меҳмонхона танҳо хобидааст, боз кӣ метавонист он коғазеро, ки боиси таваҷҷуҳи тафтишот гардидааст, рабояд?
-Охир аз он забонхат ба Мадина чӣ суд?
-Ба Мадина ҳеҷ, вале гумон мекунам, ў бо талаби нафари дигаре ба ин кор даст задааст.
-Ту чӣ девона шудаӣ, ки дар нисбати духтари қадрас чунин андешаҳои ботилро дар замират ҷойи додӣ. Падару модари Мадина шунаванд чӣ мегӯянд ?
-Шубҳа қадами нахустин ба остонаи шуур аст, вале афсӯс ин ҳолатро ман хеле дер дарк намудам.
-Чунинашро аз худат интизор набудам, - гӯён зан аз меҳмонхона баромад...
-Мегуфтед, ки оё Мадина ҳангоми дар кӯчаи Парвин иқомат доштанатон бо шумо рафту омад дошт?
-Не, ў соли гузашта ба донишгоҳ дохил шуд ва бори аввал дар бурёкӯбони ҳамин ҳавлӣ ҳамроҳи модараш ба ин ҷо омада буд.
-Дар рўзи бурёкӯбон Солеҳ Қамар омада буд?
-Сари қадам омад, вале то охири маърака наистод. Ёвараш бошад ҳамроҳи духтархолаи нимаи дуюми банда то охири маърака рақс кард...
-Яъне, ёварашро ҳам мешиносед?
-Дар ҳамон рўзи маърака Солеҳ Қамар аз ман хоҳиш намуд, ки агар имкон дошта бошам, то охирҳои моҳи май дар манзили пештараам ба ёвари вай сарпаноҳе диҳам. Ҳарчанд ин пешниҳод бароям маъқул нашуд, вале сухани нафареро, ки дар рўзи сахт дастам гирифта буд, шикаста натавонистам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан