Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 201 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 201 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чем чёрт не шутит.
Муфаттиш боз чизе гуфтан мехост, вале дар кушода шуду соҳибхона ҳамроҳи ҳамсараш вориди меҳмонхона шуданд.
-Марҳамат пурсед, - баробари вориди меҳмонхона шудан гулӯ рӯшан намуда гуфт Адҳам Аҳтамович.
-Яъне, аз он асрори ниҳон нишоне нест?
-Ин кас (зан бо ангушташ ба тарафи шавҳараш ишора намуд) бар он андешаанд, ки забонхатро Мадина дуздидааст.
Туҳмат аз ин зиёд намешавад ва агар дуздии Мадинаро собит насозад, ман худам аз ин хона баромада меравам...
-Мадина кист ?
-Духтари холаам, ў донишҷӯ аст ва аҳён –аҳён ба хонаи мо ҳам меояд, чун шаб дар хонаи мо монад, ман рахти хобашро дар меҳмонхона дуруст мекунам. Ман агар мефаҳмидам, ки падари фарзандонам духтари холаамро рўзе дар дуздӣ гумонбар мешавад, асло дарро ба рўяш намекушодам.
-О худат гуфти, ки тайи як моҳи охир касе ба ҷуз Мадина дар меҳмонхона хоб шудагӣ нест, ё нагуфтӣ? - ба чашмони ҳамсараш нигариста пурсид Сайфуллоев.
-Магар ин асос шуда метавонад, ки аз Мадина гумонбар шавед?
-Дар вазъе, ки банда қарор дорам, худатро танҳо ду роҳ дар пеш аст, сараввал бо духтари холаат гуфтугӯ намудану он забонхати зормондаро баргардонидан ва ё тайи 10-15 соли дар пеш истода фарзандонатро дар танҳоӣ тарбия намудан...
-Ба хотири як коғаз шуда зану фарзандонатро партофта меравед?
-Не, вале рафиқоне, ки дар ин ҷо нишастаанд, метавонанд барои наёфтани ҳамон коғази мавриди баҳси мо қарор гирифта ҳамсари ту ва падари фарзандонатро ба зиндон фиристанд.
-Барои кадом гуноҳат?
-Барои куштори Солеҳ Қамар.
-Вай кист ва чаро инҳо аз худат домонгиранд?
-Вай ҳамон нафарест, ки банда тариқи забонхат дар охири моҳи октябри соли гузашта аз ў ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтам ва 26-уми январи соли равон он қарзро бо фоизаш пурра баргардонидам, вале чун Солеҳ Қамар забонхати додаи маро наёфт, худаш забонхат навишта ба дасти ман дод, ки қарзи додаашро ман пурра баргардонидам ва эшон дар нисбати банда дигар даъвои молу мулкӣ надорад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан