Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 200 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 200 аз 499 · 2 ноябри 2026

Нигоҳи маҳзуни соҳибхона, ки китоб дар даст пеши он ҷевони пур аз ҳикмат лол монда буд, бандаро ба гулӯ рўшан намудан водор намуд.
-Чаро шах шуда мондед?
-Вай нест.
-Чӣ?
-Вай коғаз нест.
-Забонхат? - пурсид муфаттиш.
-Бале.
-Шояд дар асл чунин коғаз ҳам набуд? - паст наомада гуфт муфаттиш.
-Ман ба рафиқ майор аллакай ҳамаашро гуфтам.
-Набошад собит намоед, ки шумо дар марги Солеҳ Қамар манфиатдор набудед.
-Дигар ин ба гуфтан осон.
-Кӯшиш намоед, ки моро аз иҷрои амалҳои инфиродии дар зиммаамон буда раҳо намоед.
-Чӣ тавр?
-Андеша намоед, ки он варақаро аз байни чанд ҳазор китоб чӣ тавр дарёфтанд.
-Намедонам, беҳтараш маро боздошт намоед.
-Рафта аз ҳамсаратон пурсед, ки вақтҳои охир кӣ меҳмони ин хонадон шуда буд.
-Албатта, мепурсам, вале ба гумон аст, ки ин ҳама ягон натиҷае диҳад.
-Рафта пурсед!
-Бо иҷозаи шумо...
-Шояд чунин забонхат дар асл вуҷуд надошта бошад, - баъди рафтани соҳибхона изҳори нигаронӣ намуда гуфт муфаттиш.
-Шуморо намедонам, вале мо ба вай бовар намудем.
-Пас канӣ он варақа?
-Варақаро намедонам, вале моро боз як имтиёз ҳаст.
-Чӣ гуна имтиёз?

  • Солеҳ Қамар забонхатро дар дафтари қайдҳои бозгардонандаи қарз навиштааст ва эшон баъди бозгашт ба хона он варақаро канда дар байни китоби Дикенс гузоштааст.
    -Гумон доред, ки...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан