Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 199 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 199 аз 499 · 2 ноябри 2026

Занги телефон садо доду Ҷомии Шариф гӯшакро бардошта, лаҳзае пас онро ба ҷояш гузошта гуфт:

  • Муфаттиш дар берун моро интизор аст. Суҳбат боқӣ, - гӯён мо аз ҷойи бархестем...
    Ҳамсари Сайфуллоев моро дида дасту по хӯрд, вале Адҳам Аҳтамович ўро ором намуда гуфт, ки аз рўйи зарурият баҳри рӯшанӣ андохтан ба коре кормандони милиса ба кулбаи онҳо ташриф овардаанд ва ин ташрифи онҳо набояд боиси ташвишу изтироби онҳо гардад, чунки баробари гирифтани посух ба суолҳои хеш онҳо мераванд.
    -Модоме ки аз фурӯдгоҳ ба худат имконияти занг задан надоданд, пас маълум мешавад...
    -Ором шав, ягон амале баҳри нигаронӣ нест.
    -Пас дар иҳотаи милисаҳо омаданат чӣ маънӣ дорад?
    -Ба ин суолат ман аллакай ҷавоб додам ва чун инҳо ба суолҳои хеш посух гиранд, моро ба ҳоли худамон хоҳанд гузошт, - гӯён Сайфуллоев моро ба хона даъват намуд.
    Албатта, хонаи Сайфуллоев дар нисбати он қасри кошии Солеҳ Қамар кулбаи хурде буд, вале ҳамин кулбаи хурдро метавон як махзани маърифат ном бурд, махзане, ки дар ниҳодаш чандин қасрҳои сар ба афлок кашидаро ҷо ба ҷо намуда... Чун мо вориди меҳмонхона шудем, бандаро як эҳсосоти ноаёне фаро гирифт. Тамоми ҷевонҳои хона пур аз китоб буданд. Китобҳои Ч. Дикенс дар 30 ҷилд дар рафи дуюми яке аз ҷевонҳо бо тартиби рақамҳо паҳлуи ҳам гузошта шуда буданд...
    Аз чӣ бошад, ки дар ҳамин лаҳзаи ноқулай ман суханони нотиқи бузурги дунё Ситсерон: “Хонае, ки китоб надорад, ҷисми беҷон аст”-ро ба ёд овардам...Ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам овардан мушкил буд, чӣ тавр нафаре, ки дар гирд овардани чунин хазинаи бузургӣ маърифат даст дорад, метавонад ба ҷиноят даст занад. Ман бисёр мехостам, ки соҳибхона ҳарчи тезтар он забонхатро ба мо нишон диҳаду моро аз ҳуҷуми хаёлҳои ботил раҳо созад,вале...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан