Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 198 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 198 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Шояд дар девори хона зери расми зебое сейфи насб шудае доред?
-Наёфтед.
-Пас онро дар куҷо мондед?
-Дар байни китобе.
-Рафту ягон кас китобро барад чӣ?
-Мутаассифона, дар замони мо китобхонҳо хеле каманд ва ба гумон аст, ки дузд ҳам ба китоб тавваҷуҳ зоҳир намояд.
Аз ҳамин лиҳоз, ман он забонхатро дар байни яке аз китобҳоям гузоштам, дурусттараш дар саҳифаи 33 - юми ҷилди 25 –и “Асарҳои Мунтахаби” Ч Дикенс.
-Чаро дар ҷилди 25-ум?
-Ҳамон шабу рўз ман романи Ч. Дикенс “Дӯсти якҷояи мо” - ро хонда, тамом намуда будам ва онро байни ҳамон китоб гузоштам, агар хоҳед ман ҳозир ба ҳамсарам занг мезанам , то онро гирифта биёрад.
-Хуб мешуд, агар мо якҷоя ба манзили шумо мерафтем ва дар асоси нишондодатон онро ба таври расмӣ мегирифтем.
-Зид нестам.
-Боз моро каме сабр намуданамон лозим.
-Чаро?
-Худи ҳозир муфаттиши прокуратура расида меояд ва мо ҳама якҷоя меравем.
-Ихтиёр шуморост.
-Мегуфтед, ки қарзро дар куҷо ба Солеҳ Қамар баргардонидед?
-Ман ҳамон субҳ ба Солеҳ Қамар занг задам ва сипас ба хонааш рафтам. Вай худаш маро пешвоз гирифт ва гуфт, ки ҳамагӣ ним соат пеш ҳамсараш ба беморхона, ба аёдати бобояш рафтааст. Инчунин, эшон ба ман хабар дод, ки забонхати додаи маро наёфтааст ва тайёр аст худаш ба ман забонхат навишта диҳад. Чун дар он хона на лисон буду на хома ман дафтари қайдҳои хешро ба наздаш гузоштам ва баъди ҳисобӣ намудани қарз бо фоизаш вай дар яке аз варақаҳои он дафтар забонхатро навишта дафтарро ба ман дод. Чун ба хона омадам, китоби хонда тамом намудаамро, ки ҳанӯз болои миз буд, ба даст гирифта, хостам онро ба ҷевони китобҳо гузорам, вале фикре ба сарам омаду варақаи забонхати Солеҳ Қамарро канда, байни он гузошта, онро аз рўӣ тартиб ба ҷевони китобҳо гузоштам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан