Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 197 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 197 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳоло дар ин бора чизе гуфта наметавонем.
-Махфияти тафтишот гуед.
-Ҳарчи пиндоред, гуфтам ман ва Сайфуллоевро ҳамроҳи Ҷомии Шариф гузошта, худ ба берун баромадам, то дар ин бора ба муфаттиши прокуратура хабар дода, самти ҳаракатҳои минбаъдаи тафтишотро муайян намоям.
-Зарурияти ба прокуратура овардани вайро намебинам, беҳтараш ман худам, - гӯён Фурўғи Шариф ба муколаммаи минбаъда нуқта гузошт.
Ман боз вориди дафтари корӣ шуда, сабаби чунин қарзи калон гирифтани мусоҳибамонро пурсон шудам.
-Чунин амалҳо дар кори тоҷирон ангуштшумор нест, ба замми ин аз он додугирифт на танҳо Солеҳ Қамар, балки худи ман ҳам бурди назаррасе намудам ва аз эшон то қиёмат сипосгузорам.
-Чаро аз бонкҳо нею аз шахсияти алоҳида қарз гирифтед?
-Ҳамон шабу рўз нархи сӯзишворӣ яку якбора боло рафт.
Чунин ҳолат моҳҳо не, балки ҳамаги чанд рўз ё чанд ҳафта давом мекунад. Нафароне, ки бо ман ҳамкорӣ доштанд, аз Қазоқистон занг зада, хабар доданд, ки то кунун он “вабо” (баландшавии нарх) дар Қазоқистон сар нахалонида ва агар пули нақд дошта бошам, метавонам дар давоми ду - се моҳ тиҷорати хешро як маротиба боло барам. Чун бо Солеҳ Қамар боре ҳамсафар шуда будам, дар ҳамон лаҳзаи ҳасос ўро дубора ба ёд овардам...
-Оё Солеҳ Қамар нагуфт, ки забонхати шуморо куҷо кардааст?
-Гуфт, онро дар куҷо мондааст дар ёдаш нест. Шумо хавотир нашавед, дар забонхати ба ман додааш навиштааст, ки забонхати ба вай додаи банда аз эътибор соқит дониста шавад.
-Муҳимаш он, ки забонхатро дарёбем.
-Осуда бошед, чунки ман дар нигоҳ доштани ҳама коғазҳои қиматнок таҷрибаи кофӣ дорам.
-Аминам, ки онро ба ягон ячейкаи бонкӣ гузоштаед?
-Ҳаминаш намерасид.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан