-Мо донистан мехоҳем, ки тайи даҳ моҳи охир аз кӣ қарз гирифтаед?
-Дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта аз Солеҳ Қамар ном шахс ба миқдори ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ бо иловаи панҷ фоизи моҳона қарз гирифта будам ва бо гузашти се моҳ қарзи хешро дар ҳаҷми наваду ду ҳазор доллар пурра ҷо ба ҷо намудам.
-Пас чаро забонхати додаи хешро пас нагирифтед?
-Ана гап дар куҷо будааст
-Ин масъала - масъалаи одӣ нест.
-Ман мефаҳмам, модоме худи қарздиҳанда акнун дар қайди ҳаёт нест
-Дар ин бора ҳам огоҳӣ доред?
-Хабари бад қобилияти бештари паҳншавӣ дорад, вале афсӯс ҳамон шабу рўз ман дар шаҳр набудам ва дар ҷанозаи эшон иштирок карда натавонистам.
-Акнун чӣ тавр собит мекунед, ки он қарзро баргардонидед?
-Ин кори чандон душвор нест.
-Нафаҳмидам.
-Вале ман мақсади аслии шуморо нав фаҳмидам. Шумо беҳуда нагуфта будед, ки бандаро дар марги нафаре гумонбаред.
-Инаш рост.
-Яъне, ҳамааш аз рўйи ҳамон забонхати зормонда. Бовар намоед, вақте банда қарзро баргардонидам, Солеҳ Қамар қариб хонаашро чаппа кард, вале он забонхатро наёфт ва маҷбур шуд, ки ба ман худаш забонхат навишта диҳад, ки пулашро гирифтаву дар нисбати банда дигар даъвое надорад.
-Пас он забонхат дар куҷост?
-Дар хона.
-Моро ба ҷуз ёфта гирифтани он чорае нест.
-Зид нестам. Ҳеҷ нафаҳмидам, чӣ тавр забонхате, ки худи қарздиҳанда дар ҷустанаш хуни дил хӯрд, ба дасти шумо афтид?





