Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 195 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 195 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф, - гуфт нафаре, ки се рўз боз баъди суханҳои сарвари ШКД ҷойи нишаст намеёфт.
-Чӣ, ягон ҳодиса шуд? – ҳайрон - ҳайрон ба тарафи мо нигариста гуфт нафаре, ки баъди парвози беш аз ду соата акнун пой ба хоки диёр гузошта буд.
-Мо ба чанд суоли хеш посух гирифтан мехоҳем.
-Магар баҳри посух гирифтан ба суолҳоятон шароити аз ин беҳтареро наёфтед?
-Дуруст фаҳмидед.
-Маълум мешавад, ки бозгашти бандаро хеле интизор шудагистед?
-Ҳамааш ҳамин хел.
-Шуморо гӯш мекунам.
-Танҳо дар ин ҷо не.
-Чаро?
-Чунки мо ба ҳар як суоламон посухи расмӣ гирифтан мехоҳем.
-Чӣ фарқ дорад.ки посух расмист ё ғайрирасмӣ?
-Барои шумо ҳеҷ.
-Барои шумо чӣ?
-Сухани ҳавоиро ба ягон ҷо дӯхта намешавад.
-Яъне, бе протокол намешавад?
-Садқаи инсони ақли фаҳм шавам.
-Оё ман метавонам фаҳмам, ки милиса аз банда чӣ мехоҳад?
-Милиса дар марги нафаре шуморо гумонбар аст.
-Аз ҳад гузаронидед.
-Беҳтараш ба автомашина нишинед!
Сайфуллоев бе ягон эътирози зиёдатӣ ба автомашина нишаст.
Тамоми роҳ дигар сари ин масъала барнагаштем. Ба қавле ба боздоштшуда имкон додем, то сари кирдорҳои хеш андеша намояд. Баъди ним соат автомашина дар пеши бинои милиса истод. Тахминан баъди се - чор дақиқаи дигар мо сари мизи “гуфтушунид” нишастем. Сайфуллоев бо исрор талаб мекард, ки рафту мо худ ба вай “ёрӣ” надиҳем, ў худ дар ба ёд овардани ҳама гуна амале, ки боиси аз пеши зинаи ҳавопаймо ба ин ҷо оварданаш шудааст, оҷиз аст...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан