-Ман кайҳо ба суханони худат бовар намудам, вале хоҳиш мекунам сабру таҳаммулро пеша намоед
-Чӣ илоҷ.
-Хуб мешуд акнун ба дафтари кории шумо мерафтем.
-Гумон доред то ба он ҷо рафтан ман андешаҳои хешро дигар хоҳам кард?
-Ҳаргиз чунин нест.
-Пас, агар чунин аст, маро ба ҳоли худам гузоред.
-Хоҳу нохоҳ боздошти Парвина Қамар чун назарияи асосиӣ чорабиниҳои ҷустуҷўӣ боқӣ мемонад.
-Дурусттараш чун назарияи эҳтиётӣ боқӣ мемонад гӯед.
-Уштур ҳамаро бардоштаву элакро не, наход имкони боз як - ду рўз сабр кардан набошад.
-Калтакро, кӣ хӯрад – ятим, - гуфтани мардум беҳуда набудааст.
Аз чунин тарзи суханронии лейтенанти калон ба хулосае омадам, ки суруди замзама намудааш ҳам мисли оҳи сарде аз дили пурдард бурун омада...
-Хандааш чӣ? - нидо омад аз замирам.
Хандаи Ҷомӣ хандаи одӣ набуд, мисли ҳама он хандаҳое, ки дар нисбаташон каломе ҳаст:- “Бо ханда мекӯшам туро, бо ханда мекӯшам туро, бо ханда”...
-Дар қиссааш набош, - баъди хомӯшии на чандон тӯлоние гуфтам ман, - албатта, ба кӯчаи мо ҳам баҳор меояд.
-Бузак, бузак намур, ки баҳор мешавад.
-Биё рафтем!
-Ба куҷо?
- Ба кӯча ба истиқболи баҳор, - гӯён ман худ ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат намудам...
...30...
-Адҳам Аҳтамович Сайфуллоев?
-Бале.
-Абдумаҷидов! - сарваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Гулистон, - шаҳодатномаи хизматиамро дар шакли кушода ба пеши чашмони мусоҳибам бурда, худро муаррифӣ намудам ман.





