Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 193 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 193 аз 499 · 2 ноябри 2026

Эй халқи Худо, баро ба майдони нигоҳ, Бо савти фалак рақси дилу ҷона бубин...

  • хандида гуфт Ҷомии Шариф.
    Аз даҳлези ошёнаи якум ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба самти дарӣ баромадгоҳ ҳаракат намуд
    -Шумо ба куҷо?
    -Ба берун.
    -Майлаш, ман шуморо дар боло интизор мешавам.
    -Метавонед интизор нашавед.
    -Нафаҳмидам.
    -Ман рафтам.
    -Ба куҷо?
    -Ба назди Парвина Қамар.
    -Биё, як бори дигар сари он ҷадвали тартибдодаат андеша намоем.
    -То боз аз Воҳид Камол носазо шунавем, не намешавад.
    -Дӯст гӯяд табарвор ва гумон мекунам сардор ҳаргиз дар бадии кори зердастон нест, инро ман ба худат мегӯям, чунки мўи сарамро дар ҳамин идора сафед намудам ва Воҳид Камол дуюмин нафарест, ки банда дар нисбаташ эҳтиром дорам.
    -Якумаш кист?
    -Полковники милиса Амириён, ҳоло вай дар нафақа ва агар худат сухани маро нашиканӣ, ягон рўз якҷоя ба дидорбинии эшон меравем...
    -Рафиқ майор, дар он ҷадвал хатое нест, чунки ман онро на аз рўй ҳавою ҳавас, балки аз нигоҳи касбият ҳамчун мутахассис (ҳарчанд дар ин ҷода ман ҳанўз таҷрибаи кофӣ наандӯхтаам), вале соатҳо сари ҳаракатҳои ҳар як иштирокчии он майна об намудаам ва касеро ба ҷуз ҳамсари бевафояш дар марги эшон манфиатдор надидам, рўӣ лисон овардам. Дар ҳақиқат, ман чанд рўз пеш мутлақо зидди боздошти Парвина Қамар будам, вале бо ба даст овардани далелҳои нав нигоҳи банда ба рафти ҳодисаҳо ба куллӣ тағйир ёфт.
    -Мехоҳам шумо маро ба ҳоли худам гузоред ва шуморо бовар мекунонам, ки дар давоми бисту чор соат гуноҳи Парвина Қамарро дайн хоҳам кард.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан