Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 192 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 192 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аз куҷо чунин худбоварӣ?
-Чунки вай гумон дорад мо аз қафои Сайфуллоев ҳастем.
-То ҷое ки ман итилло дорам, номаи ба муфаттиш фиристода ба ҳусни хати зан монандӣ надошт.
-Чун Парвина Қамарро дастгир намоем, асрори он номаро низ хоҳем фаҳмид.
-Набошад, рафтем.
-Ба куҷо?
-Ба назди Воҳид Камол.
...29...
-Рафиқ майор, - сухани Ҷомии Шарифро бурида ба тарафи ман муроҷиат намуд сардори милиса.
-Шуморо гӯш мекунам.
-Беҳтар мешуд, ки ҳамроҳи ин наттоқи овардаатон дафтари кории бандаро тарк намуда, дарро аз самти дигар мепӯшидед, вагарна ман ба ҳаракатҳои худам дигар ҷавобгӯ нестам...
-Ба вай чӣ бало расида бошад? - баробари аз дафтари кории эшон баромаданамон пурсид Ҷомии Шариф.
-Таъби сарварон на танҳо аз тағйирёбии боду ҳаво, балки аз дигаргуншавии андешаҳои зердастон ҳам хира мешаванд.
-Ҳоло ҳамин хел гӯед?
-Сабаби дигареро дар тағйироти руҳи ҷанобашон намебинам.
-Сухани рост ҳамеша талх аст.
-Ба дил нагиред ва чун гиреҳи ин муаммо кушода шавад, об ба лаби ҷўй баробар хоҳад шуд.
-Сардорро ҳеҷ гоҳ дар чунин аҳвол надида будам.
-Гумон мекунам, ки дар боло сари эшонро “сила” намуданд.
-Ё бо янга гапашон гурехтагист.
-Хайр, биё рафтем.
-Ба куҷо?
-Ба дафтари кории худат.
-Чаро ба майдон не?
-Чунки мехоҳам бори дигар ба ҷадвали тақдир назар афканам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан