Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 191 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 191 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Мебинам рақами 4 дар аъроф монда ва чаро ўро ҳамагӣ як хати пайвандкунанда аст?
-Ҳамагӣ 26 рўз пеш Солеҳ Қамар Зарина ном ҷавонзанро ба ҳайси мудири анбори масолеҳи бинокорӣ ба кор гирифта.
Дар бораи ҷавонзан фикру ақидаҳо мухталифанд, вале гумон намекунам, ки бону аз марги патрони хеш манфиате бардошта бошад.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам пас танҳо рақамҳои
1 ва 12 мавриди таваҷҷуҳи мо шуда метавонанд
-Айнан чунин аст ва инро на ман, балки худи ҷадвал низ муайян намудааст.
-Оё дар ҷадвал ишорае нест, ки ҳодиса чӣ тавр рух додааст ?
-Кинояатонро пазироӣ мекунам, вале аз нигоҳи банда, ки дар асоси хулосабарории мантиқӣ тарҳрезӣ шудааст, ҳодиса дар чунин шакл бояд рух дода бошад. Ҳангоме ки Солеҳ Қамар вориди он қасри кошӣ шудааст, ҳамсари бевафояш аллакай он ҷо буда...
-Пас таппонча аз куҷо пайдо шуда?
-Таппонча низ чун он моли дар ячейкаи бонкӣ гузошта шуда, махфияти дуюми зану шавҳар аст.
-Фарз намудем, ки чунин аст, вале канӣ кафолат, ки ҷавонзан аз он истифода бурда метавонист?
-Таппончаро на ба он хотир нигоҳ медоранд, ки аз зебоияш баҳра баранд. Албатта нафаре, ки хуни дил хӯрдаю чунин як кохи бузурге бино намудааст, ба хотири рўзи мабодо на танҳо таппончаро, балки тарзи дар ҳолатҳои зарурӣ истифодабарии онро низ ба нимаи дуюми хеш арзонӣ доштааст. Охир вай бечора аз куҷо медонист, ки рўзе мешаваду...
-Аз хотир набароред, ки мо ҳанўз таппончаро наёфтаем.
-Меёбем.
-Кай?
-Ҳар гоҳ ки Парвина Қамарро боздошт намудем.
-Рафту вай аз тафтишот пинҳон шавад?
-Пинҳон намешавад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан