-Сипосгузорам.
-Гуфтед, ки хоҳару бародари эшон таҳти рақамҳои 10 –
11 рўӣ ҷадвал омада.
-Дар асл ҳамин хел аст.
-Чаро онҳоро ба доираи марказӣ наздиктар наовардед?
-Аз зану фарзандон ҷудо шудани Солеҳ Қамар як сардиеро дар муносибати вай ва пайвандонаш рўйи саҳна оварда буд. Ҳангоми шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноӣ ман ба хулосае омадам, ки Фотеҳ ва Соҷида Қамар дар марги бародарашон аз ҳамсараш домангиранд.
-Далел?
-Фотеҳ Қамар итминони комил дорад, ки то кунун Парвина бо нафаре, ки аз рўӣ ў шуда, худро ба дарёи пуртуғён афканда буд дил накандааст.
-Бовар намекунам.
-Ихтиёратон.
-Магар ў чунин нишондод додааст?
-Не, вале бе протокол ба ман розӣ дилашро баён намуд.
-Рафту ин ҳама суханони беасос бошанд чӣ?
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ сари мизи кориаш баргашт ва аз ғалладони он чанд акси рангаеро бароварда ба дасти ман дод...
Аккос акси Парвина Қамарро, ки худ дар либоси сиёҳ буд, ҳамроҳи ҷавони паҳлавонсурате зери дарахти маҷнунбеде ба объектив ҷо намуда. Дар зери акс таърихи рўз ва соати мулоқот ҳам омада: 01.05.соати 1826.
-Ин акс кай ба дастатон афтид?
-Дирўз бегоҳӣ.
-То ин лаҳза бошад, ба даҳон об гирифта шиштед?
-Мехостам дар алоҳидагӣ онро дар мизони вақт гузошта, сипас рўӣи ҷадвали тақдир сабт намоям.
-Хуш мегуфтед. ки оё Салим Курбон ҳамин рақами 4 аст?
-Не, паҳлавон зери рақами 12 сабти ном шудааст ва ана ба ҷадвал нигаред, ки эшон ба ҷуз рақами 1 бо рақамҳои 5
– 6 низ дар як хати буриш омада. Албатта, ин рақам бо рақами 2 низ дар иртибот наздик аст, вале ба хотири рақами 1 гумон месозам вай аз рақами 2 дурӣ меҷуст.





