Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 189 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 189 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ба ин суол мо танҳо баъди оне посух гирифта метавонем, ки қотили ҷинояти авваларо дарёбем.
-Модоме ки шумо шахсияти ҷинояткорро дар болои лисон муайян намудед, пас чӣ ҷойи андеша?
-Бубинед, дар ин ҷо боз чандин нимдоирачаҳо ҳастанд, ки баҳри хеш посухи аниқ меҷӯянд.
-Дар бораи рақами 3 каломе ба забон наовардед?
-Таҳти ин рақам ҳамсари аввалаи Солеҳ Қамар ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд вай ба таври қонунӣ аз Солеҳ Қамар ҷудо шудааст, вале гумон намекунам ба тақдир тан дода ва чун тамошобин ба тақдири ояндаи фарзандонаш нигариста бошад. Маҳз ҳамин занро низ аз куштори собиқ шавҳар чун хоҳару бародари эшон, ки дар ҷадвал таҳти рақамҳои 10 – 11 номнавис шудаанд, захме дар дил монда. Аз нигоҳи мантиқ марги Солеҳ Қамар барои ҳамсари собиқаш, агар ўро фарзандони ноболиғ дар тарбия намебуд, боиси андӯҳи гарон шуда наметавонист. Ҳарчанд банда ҳанўз аз таҷрибаи рўзгор баҳра набардоштаам, вале мутмаинам, ки занҳо ҳам чун мардон хиёнатро бахшида наметавонанд.
Танҳо ба хотири фарзандон Оишаи Ҷаҳонгир (ҳамсари аввалаи Солеҳ Қамар) худро аз васвасаи шайтон барканор гирифта.
-Яъне, ки инаш ҳам бегуноҳ аст?
-Ман чунин нагуфтам.
-Каломи шуморо дигар хел фаҳмида намешавад.
-Чун банда сари ҳамин нимдоира андеша доштам, шумо дарро кушода, гулӯ рўшан намудед ва ман сари қарори муайяне омада натавонистам. Акнун ки мо ҳарду як ҷоем, месазад сари ин масъала нуқта гузорем.
-Ҳама корро худ ҳал намуда, акнун мақоли “ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд”-ро ба ёд овардед?
-Ҳамин хел.
-Ин охирин нимдоира нест, ки нуқтаи назари банда дар он нақши бориз гузорад.
-Шумо нуқтаи назари хешро сари ҳамин нимдоирача баён намоед, он тарафаш боз Худо подшост.
-Ҳарчанд фарзандони Оишаи Ҷаҳонгир чун ворис ҳуқуқ ба мероси падар доранд, вале гумон намекунам, ки модар ба хотири мерос шуда, ҷигарбандонашро якумрӣ аз дидори падар маҳрум намуда бошад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан