Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 188 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 188 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аз рўӣ тарзи содиршавиашон ҳарду ҷиноят якранг нестанд ва ҳамин кофист, ки сари ин масъала эҳтиёткор бошем.
-Мо, ки то кунун Мадинаро надидаем, пас чӣ тавр метавонем ба бегуноҳии вай кафолат диҳем.
-Ба ин хатҳои пайвасткунандаи нимдоираҳо аҳамият диҳед. Мадина танҳо бо Усмон Башир алоқаи наздик дорад ва мо наметавонем ба суханони Сулаймон бовар накунем.
Мегӯянд гапи ростро аз бача шунав ва аз ин бармеояд, ки Усмон Башир ба ў беҳуда арӯси хешро муаррифӣ накардааст, модоме чунин аст, чӣ тавр метавонист ў арӯсашро бо нафаре ки замоне маҳбубааш буд, рў ба рў намояд. Агар дар ҳақиқат қотили Солеҳ Қамар зан ҳам бошад, Мадина чун гумонбаршуда дар ҷадвали тақдир ҷой наёфт.
-Чаро аз нимдоираи рақами 2 ба ҳар самт хатҳои зиёде рафтааст?
-Таҳти ин рақам дар ҷадвал Наргиси Зиёдулло қарор дорад. Доираи алоқамандии бонуи мазкур хеле васеъ буда, сарчашмаи он аз худи Солеҳ Қамар рақами 0 оғоз гардида шохаҳои он то ба рақамҳои 5 Ҷаббор Маҳмуд, 6 Усмон Башир, 7 Ҷамилааи Худоёр, 8 Хусрав ё худ Эшон ин ҳамон нафарест, ки туҳфаи Наргисро аз байни роҳ гирифта баҳри маъшуқаи шантажисташ бурд ва то рақами 9 ҳоҷӣ Малик мебарад. Новобаста ба ҳама кӯшишҳо ман дар амалҳои Наргис ва онҳое, ки бо ў дар алоқамандӣ қарор доранд, манфиатеро дар марги Солеҳ Қамар надидам, ба ҷуз як пайвастагии хурде...
-Бошад.
-Сухан дар бораи рақами 6 меравад, ки тақдир ўро ба ғайр аз рақами 2 бо рақами 1 (таҳти ин рақам Парвина Қамар номнавис шудааст) ҳам дар алоқамандии зич қарор додааст...
-Лаҳзае пеш, ҳангоме сухан дар атрофи рақами 13 мерафт, шумо иқрор шудед, ки чун тарзи содиршавии ҳарду ҷиноят якранг нестанд мо бояд сари ин масъала эҳтиёткор бошем.
-Ман ҳоло ҳам сари ин ақида талош хоҳам кард.
-Пас ин ду ҷиноятро чӣ пайвастагиест?
-Мустақиман ҳеҷ.
-Дар асл чӣ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан