-Рафту бо ин андешарониҳоят аз пай илм мерафтӣ, файласуфи хубе мешудӣ.
-Зиндагӣ ин худ фалсафа аст, фалсафае, ки дар дарк намуданаш худи файласуфон ҳам оҷизанд.
-Беҳтар мешуд, фалсафаро як сӯ гузошта, сари мақсад меомадед.
-Модоме ки пардаи абре садди роҳи калонтарин сайёраи Галактика шуда тавонист, пас чӣ ҷой баҳс дар нисбати мо, ки худ як зарраи хурде дар ин Галактикаи бузург ҳастем.
-Шуд, шуд...
-То ҷое ҳақ ба ҷониби шумост, ки бандаро дар садди роҳ шудан дар боздошти Парвина Қамар гунаҳкор намудед.
-Ман ин ҷо барои гунаҳкор ё авф намудани шумо надаромадаам ва танҳо донистан мехоҳам, ки аз рўйи расмҳои кашидаатон, ки ба хотири онҳо харитаи сиёсии ҷаҳонро “гулрез” намудед, ба кадом хулоса омадаед?
-Марҳамат, рафиқ майор, ба харита нигаред. Ана ин нимдоира, ки таҳти рақами 7 ишора шудааст, Сайфуллоев аст. Ин харитаро ман ҳозир не, балки ду рўз пеш кашида будам ва сари ҳар як рақами он соатҳо андеша намудам.
Дурусттараш баъди бозгашт аз назди муфаттиши прокуратура ман ба хулосае омадам, ки Сайфуллоев дар марги Солеҳ Қамар даст надорад, чунки ягон қарздор бе гирифтани забонхати додааш наметавонад ба чунин амал даст занад. Ба замми ин, дар бадани мақтул ягон нишонае аз зарбу шиканҷа набуд, аз ин бармеояд, ки касе дар бораи забонхат аз вай пурсон нашудааст. Мо бояд Сайфуллоевро дар марҳилаи аввал аз рўйхат мебаровардем. Дар ҷадвали тақдир барои эшон дар мақоми гумонбаршуда ҷой ёфт нашуд...
-Барои Мадина чӣ?
-Ў дар ҷадвали тақдир таҳти рақами 13 номнавис шудааст. Аз рўӣ хатҳои пайвасткунанда вай танҳо бо рақами
6 (Усмон Башир) шинос аст. Барои содир намудани ҷиноят, хусусан ҷинояти вазнин вайро асосе нест.
-Аз хотир набароред, ки Усмон Башир ҳам...





