Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 186 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 186 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Тасаввур намоед, ки Солеҳ Қамар асрори он забонхати аз Сайфуллоев гирифтаашро ба ҷуз ҳамсар дигар ба касе ошкор карда наметавонист, маҳз ҳамин аст махфияти оиладорӣ, махфияте, ки мард онро ба наздиктарин нафари хеш бовар мекунад. Чун дар он замон Солеҳ Қамар ҳанӯз аз хиёнатҳои пасипардагии ҳамсараш огоҳӣ надошт, аз рўйи эҳтиёт дар куҷо пинҳон намудани забонхати Сайфуллоевро барои ҳамсари ҷавонаш, ки ба хотири ў аз зани аввала ва фарзандонаш ҷудо шуда буд, арзонӣ дошт. Ба ҷои вай дигар кас ҳам мешуд, айнан чунин рафтор мекард. Маҳз ҳамин аст он асрори ниҳоне, ки чун муаммо дар пешравии кори мо монеа эҷод мекард.

  • Шумо худ шоҳид агар аз он осоишгоҳ фил барояд, касе аҳмияташ нахоҳад дод, ба замми ин, мо наметавонем марги Усмон Баширро низ ҳодисаи тасодуфӣ арзёбӣ намоем.
    -Ҳеҷ нафаҳмидам, чӣ тавр нафаре, ки ҳамаи моро бовар кунонид, то аз Парвина Қамар як фарсах роҳ дурӣ ҷўем, имрўз акси ҳолро гуфта истодааст.
    -Инкор намекунам.
    -Пас ба шумо чӣ шуд?
    -Агар дар ёдатон бошад, ҳамагӣ се - чор рўз пеш банда бо либосҳои тар вориди дафтари кории шумо шудам.
    -Ин ба рафти ҳодисае, ки мо ҷустуҷўяш дорем, чӣ рабте дорад?
    -Мустақиман ҳеҷ.
    -Ғайримустақим чӣ?
    -Ҳар шом, ки ояд зи пай он саҳаре ҳаст.
    -Харитаи сиёсии ҷаҳонро вайрон карданат кам буд, ки бо андешаҳои парокандаат сари маро ҳам гаранг намудан мехоҳӣ?
    -Ҳаргиз чунин фикрро дар сар надорам.
    -Набошад, шафтолуи гапро гуфта мон!
    -Бо иҷозаи шумо.
    -Бифармоянд.
    -Шуморо маълум бод, ки андешаҳои рўзмарраи инсон чун боду ҳаво характери тағйирёбанда дорад. Чӣ хеле лаҳзае пеш арз намудам, се - чор рўз пеш ҳатто офтоб бо ҳама қудрату тавоноиаш қобилияти нурҳои худро ба сари заминиён рехтан надошт,чунки пардаи ғафси абр садди роҳи он гардида буд ва акнун бубинед, ки дар самои бекарона аз он абрҳои сиёҳ порае ҳам нест ва хуршеди ховар боз ҳокими мутлақи сайёра...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан