Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 185 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 185 аз 499 · 2 ноябри 2026

Аз рўйи маълумотномаи расмӣ аз фурӯдгоҳ гирифтаамон тайёра соати 2145 дақиқа ба замин фаромадааст. Рафту агар Солеҳ Қамар боз ним соат дар гирифтани бағоҷ ва “туҳфаи” дар боҷхонаи автоматӣ барояш гузошташуда сарф карда бошад, соат чанд мешавад?
-Бисту дую понздаҳ дақиқа.
-Дуруст, соат 2215дақиқа. Аз фурўдгоҳ то манзили Солеҳ Қамар камаш 20 – 25 дақиқа роҳ бо таксӣ. Аз рўйи ҳисобҳои пешакӣ Солеҳ Қамар соатҳои 2235 - 2240 дақиқа то пеши он қасри кошӣ расидааст. Дар асоси хулосаи ташхиси тиббӣ ў байни соатҳои 2330 - 2350 дақиқа ба ҳалокат расидааст. Агар аз нигоҳи мантиқ ба рафти ҳодисаҳо назар афканем, қотил то вориди қаср гаштани вай аллакай дар хона будааст ва агар чунин набошад, пас худи ҷабрдида ўро ҳамроҳаш ба хона бурдааст. Чун вайро ҳамагӣ 50 дақиқа вақт дар ихтиёр буд, гумон намекунам, ки ў дар нисфи шаб нафари ношиносеро ба хонааш даъват намуда бошад. Агар қотил ўро дар хона интизор шуда бошад, пас ин танҳо ҳамсари ўст ва агар на, пас вай нафарест, ки ҳамроҳи эшон аз фурўдгоҳ то манзилаш омадааст. Дар он сурат ба андешаи банда ҳамсафари вай танҳо зан шуда метавонист, чунки ба гумон аст мард ҳангоми тирзанӣ дар чунин масофаи наздик ба вай наздик мешуд ва боз аз пушт тирро ба сари эшон ҷо ба ҷо менамуд...
-Инаш маълум, вале танҳо ҷинсият муаррифгари қотил шуда наметавонад, чунки моро далели мӯътамаде дар даст нест ва акунун ин харитаи сиёсии ҷаҳон, ки шумо бо заҳмати миёншикане онро “гулрез” намудаед, ба гумон аст ба дардамон даво шавад.
-Қотил ҳамон нафарест, ки роҳи ячейкаи бонкиро ба мо нишон дод.
-Хокироҳи Хайрхоҳ?
-Бале.
-Ўро чӣ зарурияте пеш омад, ки ба чунин амал даст занад ва агар ў қотил бошад, пас чаро ба пойи хеш теша мезадааст?
-Чунки вай наздикшавии хатарро бештар эҳсос намуд ва тафтишотро аз маҷрои пешгирифтааш баровардан хост.
-Далел?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан