Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 184 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 184 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳайфи ҳамин коғаз, бубин худат бо ин лисони зебо чӣ кардӣ, ба ҳамаи ин боз шарм надошта...
-Ин ҷадвали тақдир аст.
-Нафаҳмидам.
-Ин сарнавишти инсонҳост, шумо бошед ҳайфи коғаз, ҳайфи коғаз гуфта шиштед, рафиқ майор.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки ин иловае ба нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷӯист.
-Худи худаш.
-Пас ин балои Худоро (он лисон ба андозаи харитаи сиёсии ҷаҳон буд) чӣ тавр худат ба он нақшаю чорабиниҳои хурдакак ҳамроҳ мекунӣ?
-Чун қотилро дарёбем, ман онро дар варақаи дигаре ба андозаи даҳ бар як хурд мекунам. Ҳоло бошад, онро ба ҷойи харитаи пешин болои сарам овезон мекунам, - гӯён мусоҳиби ман коғазро бардошт ва ман акнун ба харита будани он бовар кардам. Маълум шуд, ки Ҷомӣ харитаро аз девор гирифта, дар тарафи чапаш ҷадвали тақдирро бо саргузашти инсонҳо “гулрезӣ” намудааст.
Чун шогирд онро ба девор овезон намуд, аз рўйи аломатҳои ифодакунандааш харитаи штаби генералиро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ёди ман овард. Сипас худи рассом чун сардори штаб ба шарҳу эзоҳи он ҷадвали тақдир пардохт...
Ба андешаи лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф, нафаре ки ҳамин шабу рўз дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз пайи овардани “ тиллои сиёҳ” овора аст ба таври ростхата дар куштори Солеҳ Қамар даст надорад. Ҷомии Шариф андешаҳои хешро аз рўӣ нақшҳои дар харита ишорашуда чунин баён намуд: - Моро ба ҷуз такя кардан ба протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва нишондоди Парвина Қамар чораи дигаре нест, пас агар чунин аст, нафаре,ки вориди хонаи хоби Солеҳ Қамар шудааст, бо калид дарро кӯшодааст ё худи соҳибхона ўро ба хона даъват намудааст. Чун як рўз пеш, дурусттараш субҳи 26 - уми апрел, Наргиси Зиёдулло ба эшон занг задааст то биёяду бо чашми хеш бубинад, ки ҳамсари қонуниаш бо ёвараш чӣ айше дорад. Солеҳ Қамар худи ҳамон бегоҳ, дурусттараш аввалҳои шаб, худро ба Душанбе расонидааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан