Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 183 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 183 аз 499 · 2 ноябри 2026

кофтуков мегузаронидем, вале чун хона ҳанўз ба номи Сайфуллоев А.А. буд ва эшон худ дар Қазоқистон аз пайи дарёфти “тиллои сиёҳ” овора моро ба ҷуз интизор шудан то бозгашти вай чорае набуд.
“Аз девори каҷ ҳазар” - гӯён мо ба ҷуз манзили зист хонаи дар кӯчаи Парвин доштаи Сайфуллоевро низ ба зери назорати берунӣ гирифтем.
Талошҳои милисаро дида, сарназоратчии қонун барои ба зери назорат гирифтани тамоми воситаҳои алоқаи (номаҳо, гуфтугўӣ телефонии) Сайфуллоев розигӣ дод.
Баъди гусели писарбача Сулаймони Абдулкарим ман ба ошёнаи дуюми бино баромадам, ва чун аз паҳлуи дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф гузашта истода дарро нимкушода дидам, онро кушодам.
Ҷомии Шариф болои коғази сафеде, ки рӯйи мизи кориашро пурра пӯшонида буд, саргарми кор буд. Ба ростӣ, аз нигоҳи аввал ман ҳатто нафаҳмидам, ки мақсаду мароми ин рассоми навбаромад чист, чунки болои лисон на манзараи муайяне дошту на акси аниқе. Тамоми рўйи он коғази калон аз як доираи калон ва нимдоираҳои зиёде “гулрезӣ” шуда буд. Инаш кам буд, ки рассом бо хатҳои рост, ки ҳар кадоме рангҳои гуногун доштанд, нимдоирачаҳоро бо доираи калон пайваст намуда буд. Нимдоирачаҳо бошанд бо ранги зард яке бо дигаре пайваст мешуд...
-Ҳайфи ҳамин коғаз, - ниҳоят гулӯ рўшан намуда, лейтенанти калонро, ки тамоми ҳушу гӯшаш болои он коғази “гулрез” буд, ба худ оварданӣ шуда гуфтам ман.
-Ҳайфи қоғаз гуфтед? - сар бардошта пурсид рассом.
-Бале, ба замми ин, шумо мебоист аз пайи ёфтани Мадина мешудед.
-Хабарномаҳоро, албатта, мефиристам, вале чун акси бонуи муҳтарам ҳанўз тарҳрезӣ нашудааст, чӣ кор мекардам?
-Яъне, аз бекорӣ кадукорӣ гуфта расм кашида шиштед?
-Ман қотилро меҷӯям.
-Дар болои коғаз?
-Чун вайро болои коғаз дарёбам, дастгир намуданаш осон мешавад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан