-Ҷумъа борад, шанбе монад, шанбе борад кай мемонад? - чашм аз роҳ наканда гуфт ронанда. Суханони ронанда чун оғози афсонаҳои Сайидмуроди Кабир дар гӯшам садо доду садо...
...28...
Баъди гирифтани номаи нафаре, ки худро Хокироҳ муаррифӣ намудаву ба мо ёрӣ додан хост, ташвишу тараддуди мо бештар гашту кам нашуд, гумон мерафт ҳар як қадами мо дар зери назорати эшон аст, вале ў худ нияти аз ҳандақ берун шудан надошт... Ба таври дигар гӯем, вай аз дур истода, оташи алангагирифтаро шамол медод.
Амалҳои пасипардагии Хокироҳ дар нақшаи корҳои ҷустуҷўӣи мо тағйироти ҷиддиеро ворид сохт...
Боздошт ва пурсиши Ҷамилаи Худоёр дар асоси назарияи корӣ ин баҳри амалӣ намудани назарияи асосӣ ё худ боздошти Парвина Қамар хизмат мекард, вале пайдошавии нома ва аз ячейкаи бонкӣ ёфта гирифтани забонхати Сайфуллоев А.А.
назарияи эҳтимолиеро рўӣ саҳна овард...
Маҳз пайдошавии ҳамин назария буд, ки мо муддате Парвина Қамарро ба гӯшаи фаромӯши додем.
Тайи се шабонарўзи охир мо ба ҷуз боздошт ва пурсиши тоҷир Сайфуллоев (чунки аз рўӣ маълумотҳои гирифтаи мо Адҳам Акрамович як ҳафта боз дар Ҷумҳурии Қазоқистон буд) қариб ҳама корҳоро дар ин самт анҷом додем.
Соате пештар мо бо ноболиғ Сулаймони Абдулкарим, ки ҳамроҳи роҳбари синфаш ба милиса ташриф оварда буд, худоҳофизӣ намудем. Дар асоси нишондоди ҳамин писарбача мутахассис акси арӯси Усмон Башир –Мадинаро низ тарҳрезӣ намуд. Акнун ёфтани Мадина ва пурсиши вай тобеъ ба вақт буд...
Тайи ин муддат муфаттиш барои ҳабси Ҷамилаи Худоёр розигӣ гирифт ва дигар дар ин самт ў барои тафтишот хатаре эҷод карда наметавонист.
Парвина Қамар то кунун аз ҳавои озод нафас мегирифт ва ҳатто сарвари ШКД аз он хурсанд буд, ки лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф садди роҳи боздошти вай шуд.
Маҳз ҳамин назарияи эҳтимолӣ имрўз чун назарӣяи корӣ пазируфта шуд ва дар асоси он мебоист мо дар кӯчаи Парвин 19/3 ҳуҷраи 12, ки замоне Усмон Башир иқомат намуда буд.





