Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 181 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 181 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳарчанд дар самти корҳои ҷустуҷўӣ пешравии комиле ҳам нашуд, вале моро ба ҷуз қаноат роҳи дигаре ҳам набуд.
Ёфтани Мадина дар шаҳре, ки беш аз як миллион нафар аҳолӣ дорад ин ҷустани сӯзан дар хирмани коҳро ба ёд меовард.
Шуълаи ягонае, ки роҳи моро чун “маяк” дар уқёнус рўшан мекард, ин ваъдаи писарбача Сулаймони Абдулкарим дар шинохтани арӯси Усмон Башир буд. вале...
Чун Сулаймон ҳанўз ноболиғ буду аз неку бади ҷаҳон бехабар, метавонист бағали моро бо чормағзи пуч пур намояд.
Ана аз чунин ранг гирифтани кор мо метарсидем.
Аз тарафи дигар ноомади кори имрўзаи мо дар он буд, ки дар ин рўзи якшанбе қисме аз кормандони милиса, аз ҷумла, ташхисгар - криминалист ҳам ба кор набаромада буданд. Мо, албатта, метавонистем ташхисгар криминалистро ба таври таъҷилӣ ба кор даъват намоем, вале ба гумон буд холаи писарбача барои ба милиса бурдани вай рухсат диҳад.
Ҳамаи ҳамин буду набудҳо боз ҳамон оғози афсонаҳоро ба ёдам оварданд, оғози афсонаҳои гуфтаи амаки Сайидмуродро, ки аз замони ҳазрати Одам то Ҳотам ва аз Ҳотам то ин дам номи қаҳрамонҳоро дар лавҳи хотираш сабт намуда.
Буд, набуд...
Ҳанўз то ба сари роҳи калон нарасида будам, ки боз қатраҳои борон ба сару рӯям заданд...
Ҳолати дирўзаи Ҷомии Шарифро, ки саропо тар шуда буд, пеши назар оварда, қадаммониамро ба тарафи роҳи калон тезтар намудам. Таксиеро боздошта суроғаи милисаро гуфтам...
Суръати борон аз суръати втомашинае, ки ман тариқи он худро аз борон ҳифз намудан хостам, зиёдтар будааст. Ин дафъа қатраҳои борони ба тиреза ва болои автомашинаи дар ҳаракат буда бархӯрда, ба гӯши ман садои мусиқии ноҷӯреро оварданд...
Суръати борон он қадар зиёд шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ об ба дохили қубурҳо нағунҷида, рўйи роҳ баромад...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан