-Ў гуноҳе надорад, вале ман мехостам ба чанд суоли хеш ҷавоб бигирам, - гӯён ман аз рўйи таомул шаҳодатномаи хизматиамро бароварда, дар шакли кушода ба вай нишон додам.
-Танҳо дар иштироки ман.
-Боке нест.
-Марҳамат ба хона гузаред.
-Ташаккур, - гӯён ман пой ба остонаи ҳавлӣ гузоштам ва соҳибхона маро то меҳмонхона гусел намуда, худ барои овардани ҷиянаш рафт...
Баъди ду - се дақиқа ҷавонзан ҳамроҳи писарбачае вориди меҳмонхона шуданд. Баъди ҳолпурсӣ ва муайян намудани шахсияти писарбача бо риоя намудани талаботҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ оиди пурсиши шахси ноболиғ ман сари мақсад омадам...
Бархилофи бибиаш Сулаймон бандаро бовар кунонид, ки бори охир амаки Усмонро дар таърихи 17 уми апрел дидааст.
Пурсидам чӣ тавр рўз дар хотири вай монда.
-Он рўз зодрўзи муаллимаамон буд ва мо ҳамсинфон бо маслиҳати пешакӣ як сабад гул харида, ба мактаб бурдем ва ин рафторамон боиси норозигии худи муаллима гашт. Гуфт, ки баҳри табрики вай ҳамагӣ як даста гул кифоя буд ва албатта ў ками моро чун лутфу карами мардони бузург қабул мекард. Сулаймон дар васфи муаллимаашон он қадар суханони нек гуфт, ки маро ба ҷўз бовар намудан ба суханонаш дигар чорае намонд...
Аз байни аксҳои пешниҳодкарда Сулаймон ба ҷуз нафаре, ки бо як эҳтироми хос дар борааш сухан гуфт, дигар касеро нашинохт, вале ў ба ёд оварда гуфт, ки номи арӯси Усмон Мадина аст.
-Рафту агар Мадинаро бубинед мешиноседаш?
-Албатта.
-Моро боз як бори дигар вохӯрданамон лозим мешавад, - дар охири суҳбат гуфтам ман.
-Магар Сулаймонро ба ҷуз бо шумо вохӯрдан кори дигаре нест? - эътироз намуда гуфт холааш.
-Гумон намекунам Сулаймон ба тафтишот ёрӣ додан нахоҳад ва агар чунин аст хоҳиш мекунам, шумо низ қарзи шаҳрвандии хешро аз ёд набароред, - гӯён ман аз ҷой бархестам.





