Пиразан ба ҷуз Усмон Башир дигар ягон нафарро аз аксҳои пешниҳоднамудаи ман нашинохт. Ин даъфа ў тарзе суроғаи холаи набераашро ба ман фаҳмонд, ки дигар ба роҳбаладии худи вай ҳоҷат намонд. Ба замми ин, ман акнун акси набераашро ҳам дида будам, ки ин кори бандаро боз ҳам осонтар мекард...
Маҳаллаи фурудгоҳи кӯҳнаи шаҳрӣ аз кӯчаю тангкӯчаҳои зиёде иборат буда ва сарборӣ ба ҳамаи ин боз ҳар кадоме аз ин кӯчаю тангкӯчаҳо чандин гузаргоҳҳо доштааст.
Муйсафедеро аз роҳ боздошта, дуюмбора матлаби хешро аз рўӣ гуфтаҳои кампири Мастура (бибии Сулаймонро чунин ном буд) баён намуда, аз вай имдод хостам.
-Баъди панҷоҳ метр ба тарафи рост ҳаракат намоед, ҳамон ҷо гузаргоҳи шашумро хоҳед дид, сипас то охири кӯча равед ва девори баланди бетониеро хоҳед дид, ки болояш симхор дорад. Базаи мегуфтагии шумо ҳамон ҷо...
Ба мӯйсафед арзи сипос намуда, ба самти нишондодааш ҳаракат намудам. Тахминан баъди даҳ дақиқа дар рў ба рўям он девори баланди бетонӣ баромад. Ин даъфа боз аз рўӣи суханони кампири Мастура амал намуда, аз самти чапи девор то охири он ҳаракат намуда, ва баробари тамом шудани девор боз ба самти чап тоб хӯрда, ба дарвозаи рў ба рўям, ки охири кӯча буд, ангушт задам.
Дарвозаро ба рўям писарбачаи 12-13 - солае кушод.
-Мехостам Сулаймонро бубинам, - баъди салому ҳолпурсии кӯтоҳ матлабамро баён намуда гуфтам ман.
-Кӣ ўро мепурсад?
-Гӯед, ки амаки милиса мепурсад.
-Милиса?
-Бале.
-Магар Сулаймон ягон гуноҳ намудааст?
-Не.
-Майлаш, ман ҳозир, - гӯён писарбача ба тарафи ҳавлӣ шитобид.
-Вай чӣ гуноҳ намудааст? - аз хона баромада пурсид зани тахминан сӣ-сиюпанҷсолае ва ман ба хулосае омадам, ки зан холаи Сулаймон аст.





