Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 178 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 178 аз 499 · 2 ноябри 2026

Мушкилоти якшабаи ҷангали Регак симои бобоямро чун қаҳрамонҳои афсонаҳои халқӣ дар ёди ман боқӣ гузошт.
Чун қаҳрамони афсонаҳо, ки аз ҳама балову офатҳо соқу саломат бурун меоянд, ман низ ба умеде, ки марди деҳқонро худи Офаридгор пушту паноҳ аст, қадаммониамро тезтар намудам ва лаҳзае пас вориди нақлиёти шаҳрӣ шудам...
Навбатдор ташрифи бандаро дар ин рўзи якшанбе дида, изҳори нигаронӣ кард, ки мо ҳамеша аз пайи кор шуда, аз аҳлу байт ва оила фаромӯш мекунем.
-“Худкардаро даво нест”, - гӯён ман бо вай, ки баъди супоридани навбатдорӣ нияти ба хона рафтан дошт, худоҳофизӣ намуда, вориди бинои милиса шудам.
Навбатдори нав тариқи телефон ба куҷое занг мезад ва ман бо ишорае ба вай салом дода, ба ошёнаи дуюми бино баромадам.
Дар ноомади кор атола дандон шиканад гуфтагӣ барин новобаста аз дермониҳои банда ҳанўз аз Ҷомии Шариф хабаре набуд.
Дар асл мебоист ман аз хона рост ба кӯчаи Парвин мерафтам ва аз он ҷо ба фурӯдгоҳи кӯҳна, вале чун аз рафти пурсиши дирўзаи Ҷамилаи Худоёр огоҳ набудам, ба коргоҳ омадам то дар асоси дастовардҳои шогирд корҳои дар пеш истодаро ба нақша гирам.
Тайи ним соати интизорӣ чанд маротиба ба Ҷомии Шариф занг задам, вале ба ҷуз як ҷумла “телефони муштарӣ хомуш карда шудааст ва ё берун аз минтақаи фаъолият қарор дорад” дигар сухане нашунидам.
Дар интиҳо сабру таҳаммулро аз даст дода аз ҷой хестам.
Новобаста аз ҳама ваъдаҳои Воҳид Камол автомашинаи хизматиашро дар пеши бинои милиса надидам ва сари роҳ баромада, таксиеро боздошта, ба кӯчаи Парвин рафтам.
Даст ба тугмачаи дари шинос бурдам ва лаҳзае пас ҳамон мусоҳиби дирўзаам дарро ба рўям боз кард.
-Марҳамат, ба хона гузаред, - баробари дарро кушодан маро дида гуфт бибии Сулаймон.
-Ташаккур, - гӯён ман по ба остонаи манзили пиразан гузоштам. Ба нею нестони банда нигоҳ накарда, пиразан дастурхон густурд ва сари як пиёла чой қариб ба ҳама суолҳои хеш посух гирифтам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан