-Рафиқ майор, - маро дида гулӯ рўшан намуд ёрдамчии навбатдор Сафари Сафар.
-Шуморо гӯш мекунам, рафиқ сержант.
-Ана ин хатча ба шумо, - гӯён Сафари Сафар аз сӯрохии тирезаи қисми навбатдорӣ коғазеро ба сӯи ман дароз намуд.
-Ташаккур, - гӯён ман он коғазчаро гирифта, аз бино баромадам.
Дар зери рӯшноии чароғи пушти дар номаро кушода ба он чашм дӯхтам.
-“Рафиқ майор, маро ба прокуратура даъват намуданд, вале бояд арз намоям, ки нафаре занг зада хабар дод, ки “Роҳе, ки мо пеша гирифтаем роҳи дуруст ва рост аст” Ман аз ин гуфтаҳо чизе нафаҳмидам, вале лозим донистам ба шумо хабар диҳам. Имзо Ҷомии Шариф.” Чун ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба прокуратура рафта буд, ман ба тарафи истгоҳ ҳаракат намудам ва баъди ним соат ба хона омадам.
...27...
“Кори марди деҳқон ҳам чун кори дирўзаи мо омад накард,”- баробари аз хона баромадан ба самои боз дар зери абр монда нигариста зери лаб гуфтам ман.
Ба самои пурра дар зери пардаи ғафси абр монда нигариста, ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам овардани манзараи бегоҳирўзи, ки нурҳои офтоби ба ғуруб рафта истода дар уфуқ шафақеро пеши чашм ҷилвагар мекард, дар мавҷи хаёлоти кунуниам мушкилотеро пеш овард...
Дар он лаҳзаҳо дили ман ба ҳоли марди деҳқон, ба дастони мӯъҷизаофаринаш сӯхт. Рафту агар борони сел борад, ҳама меҳнати онҳое, ки бо замин сару кор доранд, ба боди фано хоҳад рафт...
Дар нигоҳи кунунии банда марди деҳқон чун қаҳрамонҳои афсонаҳои халқӣ пеши назарам омад, ки аз раъду борон ўро ҳаросе набуд...
Афсонаи кунунии банда низ бо каломи буд набуд оғоз шуд ва мавҷи хаёлоти ман аз дунболи афсона рафт...
Боре ҳангоми дар синфи нуҳум хондан ман ҳамроҳи бобоям ба ҷангали Регак рафтем. Шаб он ҷо мондему борон гирифт...





