Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 176 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 176 аз 499 · 2 ноябри 2026

-На танҳо фотороботашро. Мо бисёр чизҳоро аз забони писарбача хоҳем шунид. Беҳуда нагуфтаанд, ки “гапи ростро аз бача шунав.”
-Бибиаш гуфт, ки Сулаймон танҳо рўзи душанбе меояд, ба замми ин, вай суроғаи холаи набераашро ҳам намедонад.
-Модоме онҳо хешу таборанд, пиразан албатта, ягон маротиба ба он ҷо рафтагист.
-Намедонам.
-Беҳтар мешуд мегуфтед, ки вайро дар ин бора напурсидам.
-Ҳақ ба ҷониби шумост.
-Чун фардо ба он ҷо рафтед, дар ин бора ҳам пурсед, рафту агар он хонаро нишон дода тавонад, ҳамин автомашинаи хизматии банда дар ихтиёратон.
-Агар надонад - чӣ?
-Пас ягон роҳу воситаи пайдо кардани он писарбачаро ҷўё шавед! Албатта, вайро ёру дӯстон будагист, ҳамсинфон муаллимон, умуман илоҷе намуда, ин тарафи масъаларо дар кадом шакле набошад - хоҳ мусбӣ, хоҳ манфӣ ҳал намоед.
Дарвоқеъ, шумо бояд ба пиразан ва наберааш аксҳои Парвина Қамар, Наргиси Зиёдулло ва вай нафари боздоштшуда номаш - чӣ буд?
-Ҷамилаи Худоёр.
-Ҳа, Ҷамилаи Худоёрро ҳам нишон диҳед...
Сардори милиса чизеро ба ёд оварду гӯшаки телефони дохилиро бардошт.
-Навбатдори ШКД майори милиса Амрихудоев.
-Ҷамилаи Худоёрро аз прокуратура оварданд?
-Не.
-Мефаҳмам, ки тамоми рўз дар даву тоз будед, монда шудед, вале агар каме ҳам имкон дошта бошед, ба прокуратура равед ва бо муфаттиш суҳбат намоед. Рафтану нарафтан ба худатон вобаста - бе ин ҳам имрўз аз сари субҳ то кунун сари по рост будед.
-Итоат, рафиқ полковник.
-Шаб ба хайр.
-Шаби шумо ҳам ба хайр бошад! - гӯён ман аз дафтари сардори ШКД баромадам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан