-Суроғаи холаашро намедонед?
-Дар маҳаллаи фурӯдгоҳи кӯҳна зиндагӣ мекунад, номи кӯча ва рақами хонаашро намедонам.
-Шояд модараш медонад?
-Як сол боз падару модараш дар Русия.
-Насаби Усмонро намедонед?
-Не.
-Оё ба ёд оварда наметавонед, ки аз кадом вақт боз Усмонро надидаед?
-Қариб ду моҳ шуд, аниқашро ба ёд оварда наметавонам.
-Падару модари вай дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
-То ҷое банда огоҳӣ дорам, Усмон дар хонаи бачагон тарбия гирифтагӣ, дар замоне, ки вай ҳанўз сесола будааст, аз модараш ятим монда ва баъди ду соли вафоти модар падараш ҳам бо олами ҳастӣ падруд гуфта...
Ман бо пиразан худоҳофизӣ намудам. Ба ростӣ, чунинашро интизор ҳам набудам, вале гардиши айём худ чархи фалакро тоб дод...
...26...
-Бад не.
-Куҷояш нағз?
-Ҳамаи пайвастагиҳояш. Мо кайҳо Усмон Баширро ба гӯшаи фаромӯшӣ додаем, ин ҷо бошад.
-Ном гадост, рафту вай дигар кас бошад чӣ?
-Ба гумон аст, афсӯс акси Усмон Баширро ба он пиразан нишон надодаед, вале ин кор чандон мушкилие ҳам надорад.
-Сари субҳ аз пайи ҳамин кор мешавам.
-Бисёр хуб.
-Пиразан гуфт дар лаҳзаи аввал ба духтар чандон аҳамият надод ва бори дуюм аз дур танҳо қаду қомати ўро дид.
-Муҳимаш он, ки наберааш духтарро дида шинохтааст.
-Писарбача на дар он сину солест, ки мо ба нишондоди вай умед баста тавонем.
-Нигоҳи банда сари ин масъала муқобили андешаҳои шумост.
-Рафиқ полковник, агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, мо метавонем дар асоси нишондоди писарбача фотороботи духтарро тарҳрезӣ намоем.





