-То кунун издивоҷ кардагӣ нест. Ў ба Сулаймон ваъда додааст, ки дар тӯйи домодиам туро чун ҷӯра дар паҳлуям мебарам. Боре набераам хабар овард, ки бибиҷон, ба наздикӣ ман дар тӯии амаки Усмон иштирок хоҳам кард. Гуфтам бигузор аввал вай арӯсашро ёбад. Сулаймон манро бовар кунонид, ки Усмонро ҳамроҳи париваше дидааст, ки аз ин хона баромаданд. Усмон ўро огоҳ намудааст, ки дар ин бора ба касе даҳон накушояд.
Ба ростӣ, он замон ман суханони набераро шӯхӣ пиндоштам, вале ду ҳафта пеш дар пеши бино Сулаймон ба ман духтареро нишон дода гуфт, ки” бибиҷон ана ҳамон арӯси амаки Усмон.”
-Дар пеши бино?
-Ҳа, дар пеши бино. Он рўз ману Сулаймон аз бозорчаи маҳалла баргаштем ва духтареро дидем, ки аз бино баромад.
Набера баъди гузашта рафтани вай аз ман пурсид, ки “бибиҷон арӯси амаки Усмонро шинохтӣ.” Пурсидам канӣ вай. “О, ана ҳамон духтаре, ки аз паҳлуямон гузашта рафт,” - гуфт набера. Ман ба самти ҳаракати вай чашм дӯхтам вале аз қафо танҳо қаду қоматашро дидам.
-Шояд ў ҳамроҳи Усмон омада будааст?
-Ба гумон аст.
-Чаро?
-Чунки агар Усмон дар хона мебуд, вайро ҳатман гусел мекард.
-Шояд онҳо нахостанд пеш аз пода чанг андозанд.
-Ман аз дур ҳам бошад, хеле аз қафои он духтар нигоҳ кардам, вале вай боре ҳам ба қафояш нигоҳ накард, ба замми ин шоҳ ҳам ба гусели вай набаромад.
-Кай он духтарро дидед?
-Ба фикрам, ду ҳафта пеш, рўзаш дар ёдам нест, шояд Сулаймон донад, вале ў ҳам дар хона нест.
-Вай дар куҷост?
-Сулаймон?
-Ҳа.
-Соате пештар ба хонаи холааш рафт.
-Кай бармегардад?
-Рўзи душанбе, ў дар басти дуюм мехонад.





