Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 173 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 173 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аз ҳамин лаҳза шумо ҳамроҳи Акбар Ҳакимович бошед.
Рафту заруряте пеш ояд ман худам занг мезанам.
-Итоат!
Баробари аз автомашина фаромадани Воҳид Камол ронанда муҳаррикро ба кор даровард ва дар замоне, ки ҳанўз сарвари милиса вориди бинои РКД нашуда буд, автомашинаи хизматии эшон ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ ҳамроҳ шуд...
Ронанда дар рў ба рўи бинои 19/3-и кӯчаи Парвин автомашинаро боздошт.
Чун бино чор ошёна буд, аз рўӣ ҳисобҳои пешакӣ банда ба хулосае омадам, ки ҳуҷраи рақами 12 дар даромадгоҳи якум аст ва ман ба самти даромадгоҳи аввал ҳаракат намудам.
Ҳуҷраи рақами 12 дар ошёнаи чоруми бино ҷойгир шуда буд ва баъди се-чор дақиқаи аз автомашина фаромадан ман занги пушти дари онро зер намудам,вале бенатиҷа...
Дар интиҳо занги дари паҳлуро пахш намудам ва лаҳзае пас пиразане онро ба рўям кушода, нигоҳи суоломезашро ба сӯям дӯхт.
Ман матлаби хешро баён намудам.
-Онҳо дигар дар ин ҷо зиндагӣ намекунанд.
-Мегуфтед, ки онҳо дар куҷо иқомат доранд?
-Ҳавлии нав хариданд.
-Дар куҷо?
-Ба фикрам, дар маркази шаҳр.
-Аз ин маҳалла кай кӯч бастанд?
-Пеш аз соли нав, ҳамон рўзе, ки онҳо рафтанд, бори аввал барф борид.
-Ҳоло дар ин хона ягон кас зиндаги мекунад?
-Усмон ном ҷавоне ҳамин ҷо иҷоранишин буд, вале тайи ду моҳи охир ман ўро надидам. Ҷавони нағз буд, вале ҳатто хайрухўш накарда рафтааст. Набераам Сулаймон ба вай бисёр меҳр дошт ва ҳамарўза мепурсад, ки бибиҷон ин амаки Усмон чаро рафту бо мо хайрухуш накард.
-Вай чандсола?
-Дар синфи панҷ мехонад.
-Усмонро мепурсам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан