Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 172 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 172 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳамроҳи муфаттиши прокуратура сари коре ба “Агроинвестбонк” рафта будам.
-Мардумро аз шаҳраки Оби Гарм сарсону саргардон намуда, худ ба бонк рафтед?
-Зарурияте пеш омад, ки ба таъхир гузоштани он ногузир буд.
-Тарзе гап мезанед, ки гӯё хазина дарёфтед.
-Маҳз саргардониҳои мардуми даъватшуда ҳам ба хотири ҳамин хазина буд.
Воҳид Камол ба соати дастиаш нигариста гуфт: - Марҳамат ба автомашина нишинед, чунки маро сардори РКД интизор аст. То ба пеши бинои раёсат расидан понздаҳ дақиқа роҳ аст, гумон мекунам, тайи ин муддат бандаро аз рафти ҳодисаҳои рухдода огоҳ карда метавонед.
-Пас ҳоли мардуми сарсону саргардон чӣ мешавад?
-То ҷоё банда огоҳӣ ёфтам, Ҷомии Шариф онҳоро пурсида истодааст.
Ман дилу бедилон ба автомашина нишаста ва тайи муддати дар ҳаракат будани он сардорро аз навгониҳои соатҳои охир ба даст овардаамон огоҳ намудам.
-Аминам, ки муфаттиш тарафҳои техникии ҳалли ин муамморо ба душ гирифт?
-Бале.
-Барои ҳалли тарафҳои техникии ин муаммо ба мо чӣ лозим?
-Намунаи хати Сайфуллоев.
-Ана шумо ҳамроҳи Алишер (ронандаро чунин ном буд) аз пайи ҳамин кор шавед!
-Итоат!
-Алишер!
-Шуморо гӯш мекунам, рафиқ полковник!

9Нигар ба қиссаи Ш.Азизӣ “Пораи қанд” аз китоби
“Порикоб” нашриёти “Деваштич” 2005 саҳифаи 110.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан