Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 171 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 171 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Пас моро ба ҷуз муайян кардани шахсияти Сайфуллоев чорае нест?
-Гумон намекунам дар ин бора мушкилие пеш ояд.
-Хуб мешуд, ҳамин тарафи масъаларо ба душ мегирифтед.
-Қабул.
-Чун далелҳои аз ячейкаи бонк гирифтаамон санҷиши махсусро талаб мекунанд ва барои ҳамаи ин вақти муайяне зарур аст, бандаро ба ҷӯз пурсиши Ҷамилаи Худоёр чораи дигаре нест.
-Нафарони аз шаҳраки Оби Гарм омадаро аз ёд набароред.
-Гумон мекунам онҳоро аллакай лейтенанти калон Ҷомии Шариф мавриди пурсиш қарор додааст.
-Иншоллоҳ чунин аст, вале ман дар назар дорам ихтилофотеро, ки ҳангоми пурсиш дар нишондодҳо дида мешаванд.
-Рафту ихтилофоти ҷиддие бошад, ман албатта ҳар якеро бо Ҷамилаи Худоёр рў ба рў хоҳам кард.
Дар рў ба рўӣ бинои прокуратура ман бо муфаттиш худоҳофизӣ намуда, роҳи милисаро пеш гирифтам. Баъди боронҳои субҳгоҳӣ, ки чанд соат давом кард, нурҳои офтоби ба ғурўб рафта истода дар уфуқ шафақеро пеши чашм ҷилвагар мекард...
...25...
Воҳид Камол нияти ба автомашинаи хизматиаш нишастан дошт, вале чун чашмаш ба ман, ки ҳамон лаҳзаҳо дар рў ба рўӣ бинои милиса роҳро мегузаштам, бархӯрд, таваққуф намуд.
Чун нигоҳи сарвари милиса ҳанўз ба тарафи ман буд, баробари убур намудани роҳ кунҷи ҳаракатамро чанд дараҷа тағйир дода, ба тарафи эшон қадам задам.
-Қариб буд ба прокуратура ба ҷустуҷўят биёям, - нимҷидию нимшӯхӣ гуфт сардор ва рафту агар банда дар нигоҳи эшон ғубореро дармеёфтам, каломи ба забон овардаи сардорро ба суханони замоне аз забони сарвари собиқи милиса Ёров шунидаам: -“Тебя только за смертью послать” шабеҳ медодам9...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан