Аз дохили ғилоф коғази бо шакли хос қатшудае болои миз афтод ва баъди кушоданаш мо муайян намудем, ки андозаи он 90 х 130 мм буда. Чунин қоғазҳо аслан қоғази рўӣ мизии нафарони дар мансаб буда ҳисоб мешаванд...
Баъди кушодани коғаз мо ба хулосае омадем, ки он асрори ниҳон низ ҳамин аст. Дар он варақа омада буд...
“Забонхат. Ман Сайфуллоев Адҳам Аҳтамович, истиқоматкунандаи кӯчаи Парвин 19/3 ҳуҷраи рақами 12 медиҳам ин забонхатро ба Қамаров Солеҳ, дар ин хусус ки имрўз аз ў 80000 (ҳаштод ҳазор) доллари амрикоӣ бо иловаи панҷ фоизи моҳона қарз гирифтам... 26 .10.200... имзо”.
-Ба андешаи шумо кадоме аз ин ду бозёфт қимати бештаре дорад? - баробари аз бинои бонк баромадан пурсид Фурӯғи Шариф.
-Барои тафтишот - забонхат.
-Дар асл чӣ?
-Шадда ҳам шаддаи одӣ нест. Вале ба гумон аст, ки қимати он ба қимати забонхат баробар шавад.
-Ҷилои сангҳои шаддаро дидед?
-Бале, шадда – шаддаи одӣ нест...
-Аҷиб он аст, ки дар бораи ин шаддаи қиматбаҳо на ҳамсар ва на пайвандони Солеҳ Қамар каломе ба забон наоварданд.
-Шояд онҳо дар ин бора хабар надоранд.
-Онҳо хабар надоранд , вале ким кадом нафаре бо номи Хокироҳ аз чунин додугирифт хабар дорад.
-Аз ин бармеояд, ки Хокироҳ аз асрори хонадони Солеҳ Қамар хабари бештаре дорад.
-Пас ў кист ва чаро худро ошкор намекунад.
-Модоме вай дар кадом ячейкаи бонк гузошта шудани асрори хонаводаи Солеҳ Қамарро медонад аз эҳтимол дур нест, ки рўзе овоз рӯшан накунад...
-Рафту ў қарзи инсонии хешро дар ҳамин як ҳидоят анҷомёфта ҳисобида муҳри хомӯшӣ ба лаб занад - чӣ?
-Ба гумон аст.
-Чаро?
-Чунки вай ҳам аз ин бозиҳои пасипардагӣ манфиатеро ҷӯёст.





