Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 169 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 169 аз 499 · 2 ноябри 2026

Маҳз ҳамин ҳолат боиси андешаҳоям дар атрофи номаи Хокироҳи хайрхоҳ гардид. Ў кӣ ва чӣ кора буд, то ҳануз мо намедонистем, вале чун қисми хабараш аллакай тасдиқи хешро дарёфт, ман ба хулосае омадам, қисмати дуюми хабарро низ бояд аз ҳамин ҷо ҷуст.
-Ғилофро ба ман диҳед.
-Марҳамат, - гӯён муфаттиш шаддаро бо ғилофаш якҷоя ба дасти ман дод.
Ман шаддаро аз ғилоф бурун овардам ва дохили ғилофро хеле палмосидам, вале ягон тағйиротеро дар сохти он ҳис накардам. Қариб буд, ки онро баргардонам, вале аз рўйи таҷрибаи пешин боз фикре ба сарам омаду гуфтам: - Ҳарчанд ғилоф зебост, вале моро ба ҷуз кандани он чорае нест.
-Гумон доред он асрори ниҳон дар дохили ғилоф аст?
-Кӣ медонад?
-Шумо чӣ мегӯед? - ба тарафи сардори шуъбаи бонк нигариста пурсид муфаттиш.
-Акнун, ки чун амонат нигоҳ доштани онро шумо ба душ гирифтед, ихтиёр низ шуморост.
-Модоме, ки чунин мешуморед, банда низ бо шумо ҳамақидаам, - гуфт Фурўғи Шариф.
-Пас баҳри кандани ғилоф ба мо чӣ лозим?
-Корд, - гуфт яке аз холисон.
-Бале, корд.
-Набошад, биёед ҳама якҷоя ба дафтари кории ман равем ва дар ҳамон ҷо... - таклиф намуд Ҳамроҳ Замонович.
-Моро ба ҷуз таклифи шуморо пазируфтан дигар чорае нест, - гӯён ман сардори бахшро барои аз дохили анбор баромадан ҳидоят намудам.
-Беҳтар мешуд, худи шумо, - гирифтани кордро аз дасти Ҳамроҳ Замонович рад намуда, ғилофро ба дасташ додам.
Сардори бахши депозитҳо бо як маҳорати хосае гиреҳи ғилофро кушод ва онро чаппа намуд.

8 Нигар ба қиссаи Ш.Азизӣ «Дурахши алмос»

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан