Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 168 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 168 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Боз як суол?
-Бифармоянд.
-Дар ҳолати марги нобаҳангоми нафаре, ки ба ячейкаҳои бонки амонат мегузорад, чӣ тадбирҳое андешида мешавад?
-Амонат ҳам чун мерос аст ва бо пешниҳоди нусхаи шартнома он ба ворисони амонатгузор дар асоси талаботҳои қонунҳои ҷорӣ дода мешавад.
Сипас мо ҳамроҳи сардори шуъба ва ду нафар шахси холис, ки ҳарду ҳам кормандони бонк буданд, ба бахши нигоҳдории ячейкаҳо рафтем ва дар асоси талаботҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ячейкаи №78-ро кушода аз дохили он ҳамон асрори ниҳонро бурун овардем.
-Ҳамааш ҳамин? - ба чашмони хеш бовар накарда пурсид муфаттиш.
-Магар ин кам аст? - ба шаддаи аз дохили ғилоф буруномада ишора намуда гуфт Ҳамроҳ Замонович.
-Пас канӣ он асрори ниҳон?
-Худ шоҳидед, ки дар қуттӣ дигар ягон чиз нест.
-Ба андешаи шумо шадда чӣ қимате дорад?
-Ҳарчанд ҷавҳаршинос нестам, вале аз хусусияти конфиденсиалӣ доштаи амонат гумон мекунам, шаддаро арзиши гаронбаҳоест, - моро бовар кунониданӣ шуд нафаре, ки сарварии амонатҳоро ба душ дошт.
-Ба гумон аст, дарёфти ин шадда моро ба роҳе ҳидоят намояд ё шуморо, рафиқ майор, фикри дигаре дар сар аст?
-”Асроре, ки шумо дар ҷустуҷӯяш ҳастед”... - ба ёд овардам ман навиштаҷоти Хокироҳи хайрхоҳро ва ғайриихтиёр мавҷи андешаҳоям ба дуриҳои дур парвоз кард...
Он солҳо ҳангоми гузаронидани кофтуков дар манзили Ҷамол Давронов ном шахс бо ҳидояти таҷрибаомӯз Сафар Ислом мо аз дохили яке аз сангҳои аквариум ангуштаринеро дарёфтем, ки нигинаш аз алмос буда ва боиси марги нафаре гардида буд8.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан