Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 167 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 167 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Пеш аз ҳама ман обрўйи идораро фикр мекунам, охир амонатгузор ба мо бовар кардаю...
-Ин ҳуҷҷат дар асоси талаботҳои қонун навишта шудааст ва ҳеҷ кас, аз ҷумла, шумо ҳам ҳуқуқ надоред иҷрои онро ба таъхир андозед.
-Ман обрўйи идораро фикр мекунам...
-Агар обрўйи идораро фикр мекардед, дар вақти корӣ ба қартабозӣ машғул намешудед.

  • Рост гуфтанд, ки шабе мо дуздӣ баромадем, моҳтоб ҳам баромад. Банда ҳам як маротиба...Бубахшед.
    -Мо донистан мехоҳем, дар асоси шартнома кадом муштарӣ ба ячейкаи рақамаш дар мактуб омада амонат гузоштааст?
    Ҳамроҳ Замонович ба куҷое занг зада талаб намуд. ки шартномаи нафареро, ки дар ячейкаи рақами 78 амонат гузоштааст, ба наздаш биёранд.
    Баъди ҳафт-ҳашт дақиқа ҷавонзане рухсат пурсида, вориди дафтари кории сардори шуъба шуда, ҷузвдони коғазинеро болои мизи кори “патронаш” гузошта, пас гашт.
    Ҳамроҳ Замонович ҷузвдонро ба даст гирифта, онро кушода баъди мутоилаи на чандон тӯлонӣ коғазҳои дар байнаш буда, варақаеро аз дохили он бурун оварда, ба дасти муфаттиш дод.
    -Ақли кас намегирад, - гӯён муфаттиш лаҳзае пас он коғази пурасрорро, ки боиси таваҷҷуҳаш гардида буд, ба дасти ман дод.
    -Яъне, ки Солеҳ Қамар ниҳоят муҳри хомуширо шикаста? - пурсидам ман.
    -Бале.
    -Ҳоло вай дар куҷост?
    -Инро шумо беҳтар медонед, модоме ба ин ҷо ташриф овардаед.
    Ба ростӣ, ман дар ҳамон лаҳза ба дониши баланди касбии муфаттиш қоил шудам, чунки ў на дар мактуб ва на дар қарори ёфта гирифтани ашёҳо (далелҳои шайъӣ) номи мақтулро сабт накарда буд. Дар ҳарду лисони сафед омада буд, ки дар истеҳсолоти муфаттиш парвандаи №657 мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дорад ва аз рўйи хабарҳои ба тафтишот расида муайян намудааст, ки дар ячейкаи №78 – и филиали маркази бонки зикршуда далелҳои шайъие, ки ба рафти тафтишот дигаргунии ҷиддиеро ворид карда метавонад, нуҳуфтааст ва муфаттиш гирифтани онҳоро чун далели шайъӣ ногузир мешуморад...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан