-Хуш, чӣ хизмат?
Муфаттиш мактуб ва қарори тарҳрезинамудаашро болои мизи кори эшон гузошт.
-Беҳтар мешуд мактубро бо имзои прокурор меовардед, - баъди кироати ҳуҷҷатҳо гуфт муовини аввали бонк ва интизори посухи муфаттиш нашуда, хома ба даст гирифта, дар гӯшаи чапи мактуб чизе навишта, онро дубора ба дасти муфаттиш дода гуфт: - Акнун ба назди сардори шуъбаи депозитҳо равед!
Ба эшон ташаккур гуфта, дафтари кориашро тарк намудем. Дар роҳрави калон каме таваққуф намуда, чашм ба навиштаҷоти болои мактуб бурдем. Дар гӯшаи мактуб бо ҳарфҳои зебо навишта шуда буд: - Ҳамроҳ Замонович, санҷида, дар асоси қонун ҳал намоед...
Мо ба ошёнаи якум фаромада, ба даре, ки дар болояш сардори шуъбаи депозитҳо навишта шуда буд, ангушт задем...
-Хизмат?
-Мо аз назди Ғаффор Сатторович.
-Марҳамат гузашта нишинед, ман ҳозир.
Мо боз чанд қадаме ба пеш гузошта паси мизе, ки бо мизи сардори шуъба пайваст шуда буд, дар муқобили ҳамдигар нишастем. Аз тарафе, ки ман нишастам, сари кадом муаммо майна об кардани сардори шуъба бараъло намоён буд...
Чун боз як дақиқа сипарӣ шуду соҳибмулк моро ба гӯшаи хотир наовард, маҷбур шудам гулӯ рўшан намоям.
-Ҳозир –ҳозир, - гуфт соҳибмулк ва ба бозии хеш ба қавле “тайм аут” гирифта, бори аввал нигоҳашро ба тарафи мо гардонида, суоли чанд лаҳза пеш додаашро дубора такрор кард: - Хизмат?
Муфаттиш коғазҳои дар дасташ бударо ба тарафи эшон дароз намуд.
-Пас ин чӣ хел мешавад? - баъди қироати коғазҳои дар дасташ буда пурсид Ҳамроҳ Замонович.
-Инаш барои шумо чӣ аҳамият дорад? - паст наомада гуфт муфаттиш ва ман ба хулосае омадам, ҳавобаландии сардори шуъба, ки дар вақти корӣ бо компютер саргарми қартабозӣ буд, ба Фурўғи Шариф низ писанд наомадааст.





