-Ҷойи Ҷамилаи Худоёр “гарм” аст ва агар шумо розӣ бошед, пурсиши он се нафари аз Оби Гарм ташриф овардаро ба зиммаи Ҷомии Шариф вогузорем?
-Зид нестам.
-Набошад, ман ҳозир, - гӯён телефони ҳамроҳро ба даст гирифта, ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ занг задам.
-Ҷомии Шариф...
Ман шогирдро аз рафти ҳодисаҳои тайи як соати охир ба вуқуъ омада шинос намуда, хоҳиш намудам, ки ба прокуратура рафта, шахсони аз Оби Гарм омадаро ба милиса биёрад ва ба пурсишашон оғоз намояд.
-Итоат! - гӯён мусоҳибам бо ҳамин як сухан ба гуфтугӯи беохир нуқта гузошт.
-Акнун рафтем!
-Ба куҷо.
-Албатта, ба ҷанг не.
-Ҳисоб намоед, ки банда ҳам ба суханони ҳамон марди хирадманд ҳамақидаам.
-Ба суханони кадом марди хирадманд?
-Ба суханони дарбон.
-Ман ҳам...
Баъди танаффуси нисфирўзӣ мо боз пеши дари биное, ки мардум дороиашонро ба амонат мегузоштанд, рост шудем.
Нафари дар пеши дар буда ин дафъа моро чун шиносҳои дерин пазироӣ кард ва бе ягон каломи иловагӣ дубора аз омадани мо ба “боло” хабар дод.
Баъди ду дақиқа ҷавоне пеши дар омад ва моро то қабулгоҳи муовини раис ҳамроҳӣ намуд.
Қабулгоҳи раис ва муовини аввал дар рў ба рўӣ ҳамдигар ҷойгир буда, духтаре, ки паси миз сари компютер менишаст, “нури” он махзан буд.
Котиба моро ба нишастан ҳидоят намуда, гуфт, ки боз каме сабр намоем, чунки Ғаффор Сатторович (муовини аввалро чунин ному насаб будааст) сари кадом масъалае бо бонки миллӣ гуфтугуӣ телефонӣ дорад.
Тахминан баъди панҷ – шаш дақиқа котиба аз ҷояш бархест ва дарро кушода Ғаффор Сатторовичро аз омадани мо огоҳ намуда, сипас моро то остонаи он дари ду қабата роҳнамоӣ кард.





