Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 164 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 164 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Нияти нек ними давлат аст ва биёед андеша ба он намоем, ки Хокироҳ инсони накукор аст.
Баъди бист дақиқа мо дар хиёбони Саъдии Шерозӣ дар рў ба рўӣ “ Агроинвестбонк “ таваққуф намудем. Соати калони пеши даромадгоҳи асосӣ 1143 дақиқаро нишон медод. То оғози танаффус боз 17 дақиқа вақт буд.
-Ба гумон аст, ки тайи ин муддати кӯтоҳ мо бо масъулини бонк забон як карда тавонем.
-Попытка не пытка.
-Набошад ба пеш,, гуфт муфаттиш ва худ аввалин шуда аз зинаҳои пеши бино ба боло қадам гузошт.
-Хизмат, - гуфт нафаре, ки пушти дар меистод.
Мо шаҳодатномаҳои хизматиамонро дар шакли кушода ба дарбон нишон дода, мунтазири амри эшон шудем.
-Бубахшед, ба гумон аст дар вақти танаффус касе шуморо қабул карда тавонад.
-Хуб мешуд агар сардоратонро аз омадани мо огоҳ менамудед.
-Раис ба маҷлиси Ҳукумат рафтанд, агар розӯ бошед, ба яке аз муовинонаш шуморо пайваст намоям.
-Бошад.
Сипас дарбон тариқи мухобира бо қабулгоҳ дар тамос шуд ва нафари дар он ҷо бударо аз омадан ва марому мақсади мо огоҳ намуд.
-Лаҳзае пеш муовини аввал аз дафтари кориаш баромад,

  • хабар дод нафаре, ки дарбон аз вай имдод хост.
    -Бисёр мехостам ба шумо ёрӣ диҳам, вале чӣ илоҷ то кунун шиори “ҷанг ҷангу наҳорӣ дар вақташ” аз байн нарафтааст, - худро сафед кардани шуда гуфт дарбон.
    -Ба ҳаминаш ҳам ташаккур, - гӯён муфаттиш ба қафо баргашт. Ман низ дигар каломе ба забон наоварда, аз қафои вай аз зинаҳои пеши бино ба поён ҳаракат намудам.
    -Шояд ин амалро ба фардо гузорем? - дар паҳлуяш рост шудани бандаро ҳис намуда, пурсид муфаттиш.
    -Соате сабр мекунем,то он асрорро ба даст оварем.
    -Пас пурсиши Ҷамилаи Худоёр ва боз он се нафаре, ки аз Оби Гарм меоянд, чӣ мешавад?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан