Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 163 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 163 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Марҳамат, ана бо мазмуни ин нома шинос шавед, - гӯён Фурўғи Шариф лифофаи дар як гӯшаи миз гузоштаашро гирифта ба дасти ман дод.
Ба курсӣ нишаста аз дохили лифофа коғазеро бурун оварда ба қироаташ пардохтам.
“ Асроре, ки шумо дар ҷустуҷӯяш ҳастед, дар ячейкаи № 78-и филиали марказии “Агроинвестбонк” гузошта шудааст.
Хайрхоҳи шумо Хокироҳ.”
-Хуш, он чӣ асроре будаст? - баъди қироати нома пурсидам ман.
-Аз куҷо донам, ин ҳама муаммоҳо кам буд, ки Хокироҳи хайрхоҳамон боз як асрори дигаро ба сарамон овард.
-Ҳарчӣ ҳам бошад, ба ин нома аз паси панҷа нигоҳ кардан нашояд.
-Яъне, бандаро ба ҷуз навиштани мактуб ба номи раиси бонк ва “Қарор оиди ёфта гирифтани далелҳои шайъӣ” дигар чорае нест?
-Роҳи дигареро намебинам.
-Модоме ки чунин аст, пас бо иҷозаи шумо, - гӯён муфаттиш нигоҳашро ба самти компютер равона сохта, даст ба тугмачаҳо бурд...
Тахминан баъди панҷ – шаш дақиқа навиштаҷоти хешро тариқи принтер болои лисон гирифта, баъди азназаргузаронӣ ба ҳар нухсаи мактуб ва қарор имзо гузошта, аз ҷои бархеста гуфт: - То оғози танаффуси нисфирўзӣ камтар аз як соат вақт мондааст ва агар кӯшиш намоем...
-Чӣ илоҷ? – модоме ки шумо нияти он асрорро ба даст овардан доред, - гӯён ман ҳам аз курсӣ бархестам ва мо лаҳзае пас аз бинои прокуратура баромадем...
-Ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ асроре моро интизор аст, - роҳравон изҳори нигаронӣ намуда гуфт муфаттиш.
-Нигарон нашавед, ҳарчӣ дар дег ҳаст, албатта, дар кафлес берун меояд.
-Агар ин ҳама як шӯхӣ бошад - чӣ?
-Дар он сурат мо ба ҷуз вақт дигар чизеро бой намедиҳем.
-Вақт рафт, нақд рафт. Магар ин кам аст?
-Хуб мешуд хаёлҳои ботилро аз сар дур мекардед.
-Ин ба гуфтан осон.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан