-Сардори милисаи минтақаи Оби Гарм Вайсиддини Насриддин шуморо гӯш мекунад...
Воҳид Камол он қадар бо самимият бо мусоҳиби дар дигар тарафи сим будааш сухан гуфт, ки мо ҳама ҳайрон шудем ва ин бори аввалу охир ҳам набуд, чунки эшон дар муносибат бо ҳама аз доираи дипломатия берун намешуд ва маҳз ҳамин заковату хиради вай боиси ҳал шудани ҳама мушкилот мегашт.
Ташвишҳои эшонро шунида Вайсиддини Насриддин ваъда дод, ки то нимаи дуюми рўз иштироки шахсонеро, ки тафтишот ба пурсиши онҳо ниёз дорад, ба прокуратураи ноҳияи Гулистон таъмин хоҳад кард.
-Қаблан аз шумо сипосгузорам ва рафту агар шуморо ҳам дар минтақаи мо коре афтад, мо ба хизмат ҳозирем, - гӯён ў гӯшакро болои телефон гузошт.
-Моро ба ҷуз интизор шудани шоҳидони аз шаҳраки Оби Гарм меомада дигар чорае нест, вале ин беҳ аз он аст, ки дар чунин рўзи боронӣ шумо дубора ағбаи “ Қашқа”- ро убур намоед, - гуфт мӯйсафед ва самти кори ҳар як кормандро муайян намуда, бо мо худоҳофизи намуд.
Чун аз дафтари кории сарвари милиса берун шудем, ақрабаки соати девории болои дараш 0855 дақиқаро нишон медод. Лаҳзае ҳам бошад, барои ҳавои тоза гирифтан ба саҳни ҳавлӣ баромадем ва суръати боронро коҳишёфта дидем.
...24...
Новобаста аз ҳама ҷаҳду талошҳои гурӯҳи тафтишотӣ пурсиши Ҷамилаи Худоёр то нимаи дуюми рўз мавқуф гузошта шуд. Ҳамаи инро танҳо як сабаб буд - омадани ҳимоячӣ.
Баъди ду соати аз назди Воҳид Камол баромадан, дар замоне, ки борон монда ва абрҳо нияти парокандашавӣ доштанд, нурҳои хуршеди ховар аҳён–аҳён аз сӯрохиҳои байни абрҳои ҷудошуда ба замин мерасиданд. бандаро ба прокуратура даъват намуданд.
Муфаттиш сари компютер чизе менавишт.
-Ин даъвати ногаҳонӣ ба хайр бошад, баъди салому алейк гуфтам ман.





