-“Дурная голова ногам покоя не даёт,” - эътироз намуда гуфт сардори ШКД ва даст ба телефони болои мизаш бурда гӯшакро бардошт.
-Шуморо гӯш мекунам, рафиқ полковник, - шунидем мо овози навбатдорро.
-Маро бо милисаи минтақаи шаҳраки Оби Гарм пайваст намоед! – гӯён ў мунтазири ҷавоби навбатдор нашуда, гӯшакро ба ҷояш гузошта, аз кору пайкори ҳамсари Солеҳ Қамар пурсон шуд.
Нозири минтақавӣ Қосими Содиқ аз ҷойи бархеста, роҳбари идораро бовар кунонид, ки Парвина Қамарро дирўз бегоҳӣ дидааст ва бонуи бевамонда аз пеш нарафтани тафтишот изҳори нигаронӣ намудааст.
-Дузди зӯр соҳиби говро бастан мехоҳад, мефаҳмед, ё гапам нодуруст?
Чун аксари аҳли нишаст аз дигар бахшҳо буданд ва аз асли корҳои ҷустуҷўӣ дар ин самт чандон огоҳӣ надоштанд, банда маҷбур шудам дубора гулӯ рўшан намуда, суханони эшонро тасдиқ намоям.
-Ба инаш чӣ мегӯед ё то ҳанўз гумон доред, ки фурсати масофаро кӯтоҳ намудан нарасидааст, - ба тарафи Ҷомии Шариф ишора намуда пурсид вай.
-Нигоҳи банда ба рафти ҳодисаи мазкур то кунун тағйир наёфтааст, - аз ҷой бархеста гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Яъне, моро бовар мекунонед, ки ҳоло ҳам мо бояд он масофаро нигоҳ дорем?
-Чун дар мизони вақт тақдири инсон гузошта шудааст, то ба даст овардани далелҳои кофӣ мо бояд масофаро нигоҳ дорем
-Акбар Ҳакимович пай бардошта ва шумо, рафиқ лейтенанти калон, пой монда...
Шояд мӯйсафед (мо гоҳ–гоҳ аз рўйи эҳтиром Воҳид Камолро чунин ном мебурдем) боз чизе гуфтан мехост, вале занги телефони дохилӣ вайро ба бардоштани гӯшаки телефон ҳидоят намуд.
-Рафиқ полковник, сардори милисаи минтақаи Оби Гарм дар алоқа, - хабар дод навбатдор...





