Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 160 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 160 аз 499 · 2 ноябри 2026

Касе ба дар ангушт зад ва ман дилу бедилон хомаи то кунун дар ҳаракат бударо болои миз гузошта, гулӯ рўшан намудам.
-Рухсат диҳед, - гӯён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф пой ба остона гузошт.
Дар як лаҳза бо нигоҳи хеш сар то қалами шогирдро, ки саропо тар шуда буд, палмосидам ва ба хулосае омадам, ки бо чунин аҳвол ўро ба Оби Гарм фиристодан маъние надорад.
-О сар то қадамат дар зери об мондааст, худаш чӣ гап?
-Ин субх ба ҷуз шумо, рафиқ майор, дигарон ҳама аз ин раҳмати Илоҳӣ баҳра бардоштанд.
-Яъне, ба коргоҳ бо чунин аҳвол омаданро шумо ҳунар медонед?
-Хуб мешуд агар шумо худ як маротиба ба берун мебаромадеду медидед дар дунё чӣ гап.
-Хуш чӣ гап будааст?
-Шунидан кай бувад монанди дидан.
-Беҳтар мешуд, ки ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолот будаатонро як маротиба варақ мезадед, чунки баъди даҳ дақиқа хоху нохоҳ моро ба назди Воҳид Камол рафтанамон лозим мешавад.
Расо ду дақиқа пеш аз оғози рўзи корӣ ёрдамчии навбатдор моро ба назди сардори милиса даъват намуд. Ба ҷуз масъалаи риояи раҷаи рўзи корӣ боз назди инсонгарии ин мард кулоҳ мебояд аз сар гирифт. Тайи чанд соли бо ӯ кор кардан ман ёд надорам, ки вай оғози маҷлиси субҳгоҳиро бе пурсиш аз рўзгору зиндагонии зердастон сар карда бошад.
Воҳид Камол ин субҳ ҳам танҳо баъди суҳбати ғайрирасмӣ аз рўзгор ва зиндагии зердастон сари мақсад омад...
Новобаста аз ҷаҳду талошҳои дирӯзаи гурӯҳи Абдумаҷидов дар осоишгоҳи “Оби Гарм” ва боздошти маъмури осоишгоҳи мазкур Ҷамилаи Худоёр дар кори гурӯҳ камбудиҳои ҷиддие дида мешавад. Сипас сарвари коргоҳ сари камбудиҳои аз тарафи мо рухдода хеле ҳарф зад...
-Баъди маҷлис мо ҳатман ба он ҷо рафта, дар ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта талош хоҳем варзид, - роҳбарро бовар кунонданӣ шуда гуфтам ман.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан