“Асрори азалро на ту дониву на ман,” - нидо омад аз қалбам ва гумон намудам, ки бо Хайёми бузург сари суҳбат қарор дорам..
Ин субҳ бо амри илоҳӣ байни замину осмонро пардае пӯшонид, ки заминиён онро дар нимаи аввали моҳи охири баҳор фоли нек пиндоштанд ва чун ману садҳо чун ман, албатта, даст ба дуо бардошта, орзуи омадани раҳмати Илоҳиро намуданд.
Охир файзи дастурхон ва баракати хонадони мо аз ранҷи кашидаву ҳосили гирифтаи бобои деҳқон вобаста аст ва рафту боз ҳафтае офтоб чун дирўза нурпошӣ мекард, ҳама ранҷу меҳнати марде, ки тамоми рўз бо замин сару кор дорад, ба боди фано мерафт.
Суҳбати аксарияти мардуми аз хизмати нақлиёти шаҳрӣ истифодабаранда низ сари ҳамин масъала буд. Гумон мерафт онҳо бо суҳбати хеш аз паси ин парда (пардаи абр дар назар аст) бо Офаридгор роз мегуфтанд ва аз ў имдод мехостанд.
Дар замоне, ки ман аз нақлиёти шаҳрӣ берун омадам аввалин қатраҳои борон ба сару рӯям заданд...
Сари қадам дар пеши даричаи қисми навбатдорӣ таваққуф намуда, баъди аз забони навбатдор шунидани вазъи минтақа ба тарафи ошёнаи дуюми бино, ки дафтари кориам он ҷост, ҳаракат намудам.
Чун то оғози рўзи корӣ боз ним соат вақт буд, ба курсӣ нишаста, аз сейф чанд парвандаи ҷустуҷуиро, ки зери назорати махсус буданд, берун оварда, болои миз гузоштам.
Ҳатто аз рўӣ ҷо ба ҷо гузорӣ парвандаи ҷустуҷўӣ оиди марги Солеҳ Қамар аз ҳама боло меистод ва ман аввалин шуда, онро ба даст гирифта кушодам...
Дар замоне, ки оид ба дида ва шунидаҳои хеш тайи се шабонарӯзи охир хома болои лисон мебурдам, садои бархӯрдани қатраҳои борон ба шишаи тиреза ба гӯшам расид ва муддате пас ин садо бо саропардаи торҳои дили ман ҷӯр гашт.
Дар зери ин навои форам хома болои лисон мисли мизроб болои торҳои рубоб ҳаракат намуд.





