-Майлаш, шумо равед, ман бояд муфаттишро бубинам.
-Шуморо интизор шавем?
-Не, бонуро ба навбатдор супурда, худ ба хона равед, рафту агар зарурияте пеш омад, ман худам занг мезанам.
-Ташаккур.
Ман то ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ ҳамроҳ шудани автомашинаи милиса нигоҳамро аз самти ҳаракати онҳо накандам ва сипас аз зинаҳо ба боло баромада, вориди бино шудам...
Баъди чанд лаҳзаи интизорӣ муфаттиш омад ва бандаро ба дафтари кориаш даъват намуда гуфт: - Шумо каме дер мондед.
-Муҳимаш, ки шумо вайро пурсидед.
-Пурсиш аз куҷо, ў бе иштироки ҳимоячӣ каломе ба забон овардан нахост ва ман маҷбур шудам вайро боздошт намоям.
-Воҳид Камол талаби боздошти Парвина Қамарро дорад.
-“Ҳарчӣ ту хостӣ, на он мешавад, Ҳарчӣ Худо хост, ҳамон мешавад,” - гуфт муфаттиш ва мо сари муҳокимаи масъалае, ки чун устухон дар гулӯямон дармонда буд, нишастем...
...23...
Сари субҳ чун аз хона баромадам, осмони нилгуни дирўзаро дар зери пардаи абр дидам. Боди нисбатан сарде сару рўям палмосид ва ман ғайриихтиёр нигоҳамро ба арши фалак дӯхтам...
Ҳатто хуршеди ховар ҳам бо ҳама шаҳомату бузургии хеш паси пардаи абр мондаву нурҳои ҷаззоби он дар шикофтани ин парда оҷиз монда...
Дирўз, вақте ки аз шаҳраки Оби Гарм ҷониби Душанбе меомадем, офтоб бо тамоми қувва нурпошӣ дошт ва аз таъсири он нурҳои сӯзон, ки то ба мағзу устухон кора мекард, кас мехост болои сар абраке пайдо шавад...
Дирўз бегоҳӣ, вақте ки ман ба прокуратура мерафтам, дар он самте ки офтоб ба ғуруб мерафт, ду - се ҷо пораабрҳои хурди дар самои беканора шинокунандаро дидам.
Имрўз бошад...





