Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 157 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 157 аз 499 · 2 ноябри 2026

Барои ҳамаи ин бошад вақт лозим.
-Яъне, ки боз як - ду рўзи дигар моро сабр бояд?
-Ҳамин беҳтар аз он аст, ки мо ба хатое роҳ диҳем.
-Гумон доред маъмурзан аз фирори шабонаи Парвина Қамар аз осоишгоҳ хабар дорад?
-Намедонам.
-Пас пурсиши вай аз кадом самт ба мо ёрӣ медиҳад?
-Танҳо баъди натиҷаи пурсиши Ҷамилаи Худоёр мо самти ҳуҷумро ба муқобили ҳамсари бевафои Солеҳ Қамар тарҳрезӣ карда метавонем.
-Набошад худи ҳозир ба прокуратура рафта, ҳамроҳи муфаттиш дар якҷоягӣ нақшаи ҳуҷумро дар ин самти фронт тарҳрезӣ намоед!
-Бо иҷозаи шумо...
-Барори кор...
Дар рў ба рўӣ прокуратура, ҳангоме ки нияти аз роҳ гузаштан доштам, нохост чашмам ба Ҷамилаи Худоёр бархӯрд, ки дар иҳотаи Ҷомии Шариф ва сержанти милиса Сафари Сафар аз бинои прокуратура берун омаданд. То аз зинаҳои пеши бино ба поён омадани онҳо ман ҳам роҳро убур намуда, ба тарафи бино қадам ниҳодам. Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ маро дида, лаҳзае тағофул намуда пурсид:

  • Рафиқ майор, шумо ба куҷо?
    -Ба он ҷо ба тарафи бинои прокуратура, - ишора намуда гуфтам ман.
    -Биёед, ҳамроҳи мо ба милиса равем.
    -Ман бояд муфаттишро бубинам.
    -Прокурор ҳамаи аҳлу байташро (колективи кормандони прокуратураро) ба наздаш хонд ва кӣ медонад муфаттиш аз он маҳфил (маҷлис) кай бурун хохад омад.
    -Чаро ин касро (ман ба тарафи Ҷамилаи Худоёр ишора намудам) напурсид?
    -Бону бе ҳимоячӣ каломе ба забон овардан нахост, аз ин рў, муфаттиш барои истороҳати ин кас дар “санатория”7 роҳхат навишт.

7 Осоишгоҳ, боздоштгоҳи муввақатӣ (киноя).

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан