Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 156 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 156 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дар он сурат ба гумон буд мо далелҳои шайъиро дарёбем, вале мо тамоми рафти суҳбатро дар шакли оперативӣ ба диктафон сабт намудем.
-Чаро ҳаминро барвақттар нагуфтед?
-Танҳо ба хотири он ки маъмурзанро аз пешниҳоди додани пора озод намоем. Бигузор ў акнун ба тақдири дар пеш истодааш худаш баҳо диҳад.
-Ба андешаи шумо вайро дар ин амалҳои зишт, ки дастгирӣ намудааст?
-Баъди кофтуков ва дарёфти далелҳои шайъӣ вай дигар бо мо суҳбат кардан нахост, аз ин рў сари муаммои мазкур рўшанӣ андохта натавонистем...
-Мегуфтед, ки акнун мо аз Парвина Қамар дар кадом масофа қарор дорем?
-Нафаҳмидам.
-Дишаб вай маҳмадоно (Ҷомии Шариф дар назар аст ) бархилофи андешаҳои банда гуфт, ки то пурсиши Ҷамилаи Худоёр мо бояд дар масофаи як фарсах роҳ ба Парвина Қамар наздик нашавем.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, суханони лейтенанти калон боиси малоли хотиратон гардидааст?
-Вай ҳақиқатро гуфт, ҳарчанд шунидани сухани ҳақ на ҳамеша боиси писанди шунаванда мегардад.
-Новобаста аз инҷиқиҳои замона, ҳастанд нафароне, ки ба равиши об бел задан намехоҳанд.
-Назди чунин инсонҳо, кулоҳ аз сар бояд гирифт ва шогирди шумо ҳам дар талоши ҳақиқат гом зада истодааст.
-Яъне, шуморо дар нисбати эшон ғуборе дар дил нест?
-Нест, вале мо наметавонем ба рафти ҳодисаҳо аз паси панҷа нигарем.
-Мо ҳам то ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки масофаи мавриди баҳс қарор гирифтаро кӯтоҳтар намоем, вале то пурсиши расмии маъмури осоишгоҳ боздошти Парвина Қамарро бояд маъқуф гузорем.
-Сабаб?
-Нафаре, ки бояд гуноҳи Парвина Қамарро дайн намояд, дар айни вақт мавриди пурсиш қарор дорад. Ба замми ин, бисёр ҳолатҳои мухталифи дар рафти пурсиш ошкоршударо тариқи рў ба рў намудани иштирокчиёни амалиёт бартараф намудан лозим мешавад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан